Дар пойгоҳи обкашии “Сайҳун -2” агрегати наву замонавӣ насб гардид

Тибқи иттилои масъулин агрегати нав истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, иқтидори он 800 литр/сония мебошад

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бо мақсади  беҳтар намудани вазъи обёрии заминҳои мавзеъи шаҳраки Сайҳун бо маблағгузории Ҳукумати вилояти Суғд дар пойгоҳи обкашии "Сайҳун —2" агрегати наву замонавӣ насб гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд, маросими ба истифодадиҳии агрегати нав 25 апрел бо ширкати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд. Тибқи иттилои масъулин агрегати нав истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, иқтидори он 800 литр/сония мебошад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2015 дар арафаи таҷлили Наврӯз  бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сохтмони шаҳраки Сайҳун асос гузошта шуда буд.

Бунёди ин шаҳрак бо супориши Сарвари давлат ва дар идомаи сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таъмини зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо манзилу шароити муосири зиндагӣ нигаронда шудааст.

То имрӯз аз ин мавзеъ ба 7 ҳазор нафар сокинони ниёзманд замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст. Заминҳои ин мавзеъ марҳила ба марҳила азхуд кардашуда, ташкили боғҳои нав идома дорад.

Ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят бо ташабусси боғпарварон алакай дар 1000 гектар заминҳои шаҳраки Сайҳун боғ ташкил гардидааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо кишоварзону боғпарварон таъкид кард, ки кишоварзон бояд замин ва обро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузорад. Тавсия дода шуд, ки дар заминҳои холии боғоти ташкилшуда зироатҳои гуногун кишт карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала