Сокинони Тошканд дар метро таронаҳои Ғалабаро суруданд

Овозхонони низомӣ дар ҳар як хати метро гашта, бо мусофирон сурудҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро иҷро карданд

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Тошканд аксияи мусиқии Вазорати мудофиаи Узбакистон гузаронида шуд.

Ҳунармандон ва мусиқинавозон, ки дар тан либоси низомии даврони Ҷанги Бузурги Ватаниро доштанд, барои сокинони Тошканд сурудҳои машҳури Ҷанги бузурги Ватаниро иҷро карданд.

Яксия бегоҳ, соати 16:30 аз истгоҳи метрои "Дӯстӣ" сар шуд. Дар 3,5 соат низомиёни дар тамоми роҳҳои метро гашта, мардумро шод мекарданд.

Дар яке аз истгоҳҳо ҳунармандон консерт баргузор карданд: онҳо суруди Катюша", "Смуглянка", "На безымянной высоте" ва  "День Победы"-ро суруданд.

Тамошобинон бо шавқ кафкӯбӣ мезаданд ва ба телефонҳои худ ба навор мегирифтанд. Бештари онҳо аз метро бо лаби хандон ва сурудхонон мебароманд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала