Бо як тир ду нахчир: дар шимоли ҶТ хатсайри нави гардишгарӣ боз шуд

© Фото : Рустам ЮлдашевОзеро Искандеркуль, архивное фото
Озеро Искандеркуль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гардишгарони хориҷӣ дар ин макон метавонанд ҳам табобат гиранд ва ҳам истироҳат кунанд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи гардишгарӣ, хатсайри нави сайёҳӣ боз шудааст, хабар медиҳад Тоҷик.ТА.

Дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ ташкил гардид.

Аз ин хатсайр, ки дар баробари мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, фарогири сайёҳати табобатию солимгардонӣ ва истироҳатии ноҳияи мазкур мебошад, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аллакай боздид кардаанд.

Антон Кротов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гардишгар: Тоҷикистон худ дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон мебандад

Гуфта мешавад, ки хатсайри нав дар мавзеи Путхини ноҳияи Айнӣ бунёд ёфтааст.

Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хатсайри навро ба сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон меоянд, муаррифӣ хоҳанд кард.

Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ зиёд буда, маъмултарини онҳо манораи Варзи Манор ва  "Искандаркӯл" мебошанд, ки миёни сайёҳони хориҷӣ шуҳратманданд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар ҳудуди Помири Шарқӣ барои гардишгарон масири нави сайёҳӣ кушода мешавад.

Ин масир, бо иқдоми Ассотсиатсияи сайёҳӣ- экологии Помир имсол дар минтақаи Помири Шарқӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки бо кушода шудани хатсайри нав шумораи гардишгарон хоҳад афзуд.

Лентаи хабарҳо
0