Вазифаи нави Усмонов дар ҳукумати Узбакистон

© Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳокими вилояти Тошканд Раҳмонбек Усмонов вазифаи нав гирифт

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раҳмонбек Усмонов муовини сардори Ожонси нақлиёти Узбакистон таъйин шудааст, хабар медиҳад UzNews бо такя ба манбаъ дар ҳукумат.

Пештар Раҳмонбек Усмонов дар курсии ҳокими шаҳри Тошканд нишаста буд.

Усмонов соли 1960 дар Тошканд ба дунё омадааст. Соли 1982 Донишкадаи нақлиёти Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев тағйироти кадрӣ амалӣ шудааст.

Ҳамин тавр, ба вазифаи ташкилотчии чорабиниҳо Пулатов Тулкинҷон Бустонович таъйин шудааст.

Ва ба курсии муовини мудири Маркази матбуотии назди хадамоти матбуотии Мирзиёев, Кучкаров Ғайбулло такя задааст.

Лентаи хабарҳо
0