Нахуствазири пешини Қирғизистон муовини Отамбоев интихоб шуд

© © Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевЭкс-президент Алмазбек Атамбаев и бывший премьер-министр Сапар Исаков, архивное фото
Экс-президент Алмазбек Атамбаев и бывший премьер-министр Сапар Исаков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Қирғизистон нишасти ҳизби Сотсиал Демократ баргузор шудааст. Дар ин нишаст нахуствазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов муовини раиси ҲСДҚ интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сафар Исҳоқов ба мақоми муовини раиси ҳизби Сотсиал Демократи Қирғизистон, ки раёсати онро раисҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев бар дӯш дорад, интихоб шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Дар баробари Исҳоқов боз ду вакили дигар-Асел Кодиранов ва Муродил Мадеминов низ муовинони Отамбоев интихоб шудаанд.

Қарор рӯзи 27 апрел қабул шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз КДАМ Қирғизистон нахуствазир пешини ин кишвар, Сафар Исҳоқовро барои бозпурсӣ даъват карда буд.

КДАМ рӯзи 26 апрел аз саоти 15:00 то 17:00, сарвазири пешини Қирғизистонро бозпурсӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки Исҳоқов дар доираи парвандаи ҷиноятии садама дар маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек, ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешавад.

Ҳангоми баромадан аз бинои КДАМ Исҳоқов ба рӯзноманигорон гуфт, ки ӯро дар бораи фаъолияти дастгоҳи раисҷумҳур пурсидаанд.

Сафар Исҳоқов, наздики ҳашт моҳ сарвазири Қирғизистон буд. Ҳафтаи гузашта, пас аз раъйи беэътимодии порлумон, бо фармони Сооронбой Жээнбеков, Сафаров аз симматаш барканор шуду имрӯз муовини раиси ҳизби Сотсиал Демократи Қирғизистон интихоб шуд.

Лентаи хабарҳо
0