Аккосе, ки ҷавониҳои Раҳмон ва ҷанги шаҳрвандиро акс мегирифт: Аббос Аттор даргузашт

© AFP 2021Фотограф Аббас Аттар 1988, архивное фото
Фотограф Аббас Аттар 1988, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Аббос Аттор ҳамчун муаллифи аксҳои таъсирбахши ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон машҳур буд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Аккоси машҳури эронӣ Аббос Аттор дар синни 74-солагӣ дар Париж даргузашт. Вай зодаи Эрон буд ва дар Аврупо басар мебурд,аммо дар Тоҷикистон шӯҳрати зиёд дошт.

Яке аз барҷастатарин  аксҳо аз  ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1993

Дар аксҳои Аббос силоҳбадастони Фронти халқӣ, мухолифин дар бемористонҳои ҷумҳурӣ, гурезаҳое, ки аз ҷанг халосӣ меҷустанд, тонку тӯп дар роҳҳои куҳӣ, хонаҳои вайрон ва маросими дафни қурбониёнро дидан мумкин аст.

Abbas – Selected #abbas #abbasattar #magnumphotos #bestphotogs #photojournalism

Публикация от Best Photographers (@best_photogs) 23 Ноя 2017 в 7:35 PST

Аббос шахсони бонуфузи Тоҷикистон: раисҷумҳур Эмомалӣ  Раҳмони ҷавонро 9 майи соли 1993 дар дар тазоҳуроте бо собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ё "муллои сурх" Ҳайдар Шарифовро, ки яке ду роҳбарони рӯҳонии Фронти халқӣ буд, аксбардорӣ кардааст.

Аммо ба ҳамин фаъолияти Аббос Аттор маҳдуд намешавад: дурбини вай  танҳо ҷангро намедид.  Вай ба воситаи аксҳояш зиндагии орому осудаи мардуми тоҷикро низ нишон додааст.   Аббос дар марсоми арӯсӣ, меҳмоннавозӣ, корҳои кишоварзӣ, кудакон дар омузиши китоби Қуръон ва бузкашӣ низ ширкат доштааст.

Ҳодисаҳои Душанбе дар солҳои 1990-ум - Sputnik Тоҷикистон
Президент аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Душанбе ёдовар шуд

Бояд гуфт, ки Аббос Аттор ба Тоҷикистон зиёд сафар дошт. Вай пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ низ аз кишвар дидан карда буд.  Қисми зиёди аксҳои ӯ сиёҳу сафед мебошанд, ки пеш аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1987-1990 аксбардорӣ шудаанд.

Дар маҷмӯъ ҷуғрофияи кори Аббос васеъ аст: Инқилоби исломӣ дар Эрон, ки худаш аз он ба Фаронса фирор кард, задухӯрдҳо дар Ирландия, ҷанг дар Синай, низомиёни Амрико ва ғайра.

Қариб дар тамоми силсилаи аксҳояш зиндагии маъмулии мардум  дар баробари майдони ҷанг тасвир шудааст.

Бо беҳтарин аксҳои Аббос Аттор ва сафарҳои ӯ ба Тоҷикистон метавон дар инҷо ошно шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала