Раҳимзода бо сафири нави Озарбойҷон дидор кард

© Фото : Аз ВУДМулоқот бо Сафири навтаъингардидаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон
Мулоқот бо Сафири навтаъингардидаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Муҳаммадзода Ҳасан оғлуро барои таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо орзу кардааст

ДУШАНБЕ, 28 апр — Spitnik.Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сафири  Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳасан Муҳаммадзода оғлу мулоқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУД.

Гуфта мешавад, ки Раҳимзода Муҳаммадзодаро барои таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ табрику муборакбод намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо орзу кардааст.

"Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромилӣ мавриди баррасӣ карданд",-омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба омоданамоӣ ва бозомӯзии дипломатҳои тоҷик созишнома имзо карданд.

ар асоси ин созишнома, ҷониби Озарбойҷон ҳар сол барои шаҳрвандони Тоҷикистон 5 бурсия барои омӯзиш дар Академияи дипломатии Озарбойҷон (ADA), инчунин 6 бурсия барои такмили ихтисоси дипломатҳои тоҷик ҷудо менамояд.

Лентаи хабарҳо
0