Навори лату кӯби шогирд аз дасти устод дар Узбакистон

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар интернет наворе пайдо шудааст, ки дар он устоди литсеи назди Донишгоҳи давлатии забонҳои Узбакистон, шогирдашро лату кӯб мекунад

Ин наворро торномаи UzNews  мунташир кардааст.

Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна устод ба рӯй ва дигар узви бадани шогирд, дар назди ҳамсинфонаш зарба мезанад.

Як ҳодисаи ба ҳамин монанд чанд рӯзе пештар рух дода буд. Он замон муаллимаи коллеҷи нақлиёт бо пойафзолаш шогирдашро лату кӯб карда буд. Ин ҳодисаро яке аз талабаҳои коллеҷ ба навор гирифта буд. 

Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 11 апрел рух дода буд.

Лентаи хабарҳо
0