Интерпол як ҷангҷӯи тоҷикро ҷустуҷӯ дорад

© REUTERS / Edgar SuИнтерпол, архивное фото
Интерпол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Пулиси байналмилал ба дархости Русия, ҷустуҷӯ барои ёфтани як ҷангҷӯи тоҷик бо тахаллуси Абу Довудро оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ба гузориши "Парстудэй", мақомоти амниятии Русия гуфтаанд, ки Парвиз Саидраҳмонов, шаҳрванди 30 солаи Тоҷикистон тахаллуси Абу Довуд, ки дар қаламрави ин кишвар ҳамчун коргари муҳоҷир фаъолият мекард, муттаҳам ба мусоидат дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ аст.

Вай дар соли 2014 аз Русия ба Сурия рафта ва ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастааст.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар соли 2015 алайҳи ин ҷангҷӯи тоҷик ба иттиҳоми ҷазби аъзо ба гурӯҳи террористии ДИИШ, парвандаи ҷиноятӣ ташкил кардаанд.

Онон муддаӣ ҳастанд, ки Парвиз Саидраҳмонов ҳангоми ҳузур дар қаламрави Русия ба таври густурда барои ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик ба сафҳои гурӯҳи террористии ДИИШ иқдом кардааст.

Гуфта мешавад, вай талош кардааст бо ҷазби неру дар дохили Русия ва Тоҷикистон даст ба иқдомоти террористӣ бизанад.

Дар авохири соли 2017 дар пайи ҳамкории кормандони амниятии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав як ҷавони 16 сола боздошт шуд, ки ба дастури Абу Довуд қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар остонаи Соли нави милодиро доштааст.

Ин ҷавон эътироф кардааст, ки ба далели 16 сола будан наметавонист ба Ироқ равад ва ба дастури Абу Довуд бояд "ҷиҳод"-ро дар Русия шурӯъ мекард.

Ин ҷангҷӯи тоҷик дар наворҳои видеоии гурӯҳи террористии ДИИШ дар канори полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов мушоҳида шуд ва пас аз интишори хабари кушта шудани фармондеҳи собиқи неруи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон нахустин манбае буд, ки ин хабарро такзиб кард.

Лентаи хабарҳо
0