Тағйироти кадрӣ: раиси “Барқи тоҷик” - президенти Федератсияи тенниси рӯи миз шуд

© © Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мирзо Исмоилзода, ки 11-уми марти соли 1967 таваллуд шуда аз соли 2015 инҷониб раиси Ширкати кушодаи саҳҳомию ҳолдингии "Барқи тоҷик" мебошад

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Мирзо Исмоилзода, раиси Ширкати саҳҳомию ҳолдингии кушодаи "Барқи тоҷик", президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд.

Ӯро ба ин вазифа дар ҷаласаи пленуми федератсияи мазкур, ки рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир шудааст, интихоб карданд, хабар медиҳад равобити умумии Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Мирзо Исмоилзода, ки 11-уми марти соли 1967  таваллуд шудааст ва аз  соли 2015 инҷониб раиси Ширкати кушодаи саҳҳомию ҳолдингии "Барқи тоҷик" мебошад.

© Фото : Аз Кумитаи олимпӣМирзо Исмоилзода
Мирзо Исмоилзода - Sputnik Тоҷикистон
Мирзо Исмоилзода

Абдуллозода Аҳтам дар ин ҷаласа гуфтааст, ки "таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои  Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар рушд карда истодааст ва ба ҳайси раисони федератсияҳои варзишӣ шахсони сазовор интихоб гардида истодаанд. Тенниси рӯи миз яке аз намудҳои шавқовари варзиш аст, ки ҷавонони мо аз ҳама бештар ба он рӯ овардаанд. Ба гузориши манбаъ, дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ гӯшаи махсуси тенниси рӯи миз сохта хоҳад шуд, ки дар оммавӣ гардидани ин намуди варзиш мусоидат хоҳад кард". 

Исмоилзода Мирзо дар навбати худ ба вакилон барои дастгириашон миннатдорӣ баён кард ва иброз дошт, ки тамоми саъю кӯшишашро мекунад, то ба боварии вакилон ва аъзои федератсия сазовор бошад.    

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала