Ки Шавкат Мирзиё Эмомалӣ фарзанди Раҳмон шуд: таронаи Афзалшо ба шеъри вазир умури дохила

© © Пресс-служба президента РТШавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон
Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таронаи ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев дар васфи дӯстии Тоҷикистону Узбакистон дар Самарқанд мардумро ба по хезонд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ҳунарманди машҳури тоҷик Афзалшо Шодиев шеъри "Эҳёи дӯстӣ"-и шоир Ниҳониро (тахаллуси вазири умури дохилаи Тоҷикистон-идора) ба оҳанг даровардааст.

Ҳунарманд сурудро дар Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар Самарқанд, ки аз 20 то 22 апрел баргузор шуд, иҷро кардааст.

Тавре як корбари фаъоли фейсбук Набиҷон Шодиев дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, суруди Эҳёи дӯсти"-ро дар Узбакистон хело хуш пазируфтаанд.

"Инак азизон бо хоҳишҳои сершумори Шумо сабти пурраи суруди дар васфи дӯстӣ сароидаи Ҳоҷӣ Афзалшоҳро ба диққататон пешкаш мекунем, ки мардуми шарифи Самарқанд бо хушнуди кабул карданд. Пас аз даҳсолаҳо ин аввалин баромад аст",- тавзеҳ медиҳад вай.

Афзалшо Шодиев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар Самарқанд чор рӯз монд ва дар чанд саҳнаи шаҳр ҳунарнамоӣ кард.

Ба гуфтаи вай, матни таронаро худаш интихоб карда, ба он оҳанг офаридааст.

"Оҳанги тарона аз худам аст. Шеъри Ниҳонӣ дар дӯстии ду миллат нақши муҳим бозид. Сокинони Самарқанд сурудро хело хуб пазируфтанд",- мегӯяд вай.

Чуноне ки овозхон афзуд, ҳатто дар шабакаҳои телевизионии давлатии Узбакистон ҳам аз ин чорабинӣ ва суруди "Эҳёи дӯстӣ" гузориш додаанд.

"Барои таронаи дӯстӣ сокинони Самарқанд аз ман миннатдор шуданд. Ҳатто дар телевизионҳои давлатиашон низ сурудро васф карданд. Як даҳ ҳазор нафар ба истиқболи тарона аз ҷой хестанд",- мегӯяд вай.

Шодиев мегӯяд, 21 сол мешуд, ки ба Узабакистон сафар накарда буд ва "аз ин пазироӣ сараш ба осмон расид".

Матни пурраи шеъри "Эҳёи дӯстӣ"-и Ниҳонӣ:

Зи нав таърих эҳё шуд, ҳама дунё гулистон шуд,
Ки як халқу ду миллат боз бо як аҳду паймон шуд.
 
Идома дӯстӣ моро бас аз аҳди куҳан бошад
Ва пайванд Ӯзбекистон ба ҳам бо Тоҷикистон шуд.
 
Бухороро мақоми Бохтар мафтун кунад имрӯз,
Хуҷанди бостон рамзи Самарқанди ниёгон шуд.
 
Бикарда риштаҳомон коркарди пахтаҳо пайванд,
Зи Қӯқанди кӯҳан маҳкам равобит то ба Раштон шуд.
 
Миёни ин ду миллат баъд аз ин ҳарфи ҷудоӣ нест,
Раҳи оҳан зи Тирмиз то ба Хатлон боз гардон шуд.
 
Давоми Роҳи Абрешими Чин аст атласу адрас,
Паёми водии Фарғона то марзи Зарафшон шуд.
 
Чу хатсайри Душанбе — Тошканд имрӯз бикшода,
Фазои ҳарду кишвар, бингар, акнун моҳи тобон шуд.
 
Русуму урфу оин, одату фарҳанги мо як ҳаст,
Басо ду лафзу як маънӣ, чӣ арзишҳо намоён шуд.
 
Масири дӯстӣ бо шоирону носирон равшан,
Зи Ҷомию Навоӣ хонаи осор эҳсон шуд.
 
Зулайхову Юсуф дар Ҷомӣ аз ушшоқ мегӯянд,
Ҷаҳон Лайливу Маҷнуни Навоиро санохон шуд,
 
Агар Ҳофиз гузар созад Самарқанду Бухороро,
Ду сарқанду ду хурмояш, бубинад, зеби дандон шуд.
 
Ҳабиби Шоҳи Зинда — Мир Сайиди Ҳамадонӣ,
Дари фарҳанг эҳё аз барои аҳли ирфон шуд.
 
Чи бахте, Панҷрӯд акнун бишуд ҳамбол бо Ургут,
Куҷо он Рӯдаки гӯяд асо пайванди анбон шуд.
Як обу як ҳавову як замин, як осмон дорем,
Расадгоҳи Улуғбек, Боми дунё чашми кайҳон шуд.
 
Зи оби ноби дарёҳо биошомида мо бо ҳам,
Зи Ноби Нораку Роғун чароғи ҳарду рахшон шуд.
 
Навои мутрибон рахшон фазои ҳарду кишвар кард,
Садои шашмақому карнаю даф боз чандон шуд.
 
Кунад ин дӯстӣ дур аз диёр озурдаҳолиро,
Баҳои халқ ин малҳам ба ҳар як дард дармон шуд.
 
Гузаргаҳҳо кушода, дӯстиҳоро барафзуда,
Бидида ин ҳама ҳар як зи шодӣ балки гирён шуд.
 
Нишоти кӯдакон карда ҳавои тираро равшан,
Гулу боғу чаман тоза зи файзи абри найсон шуд.
 
Баробар мушкилоти марз акнун ҳаллу фасле ёфт,
Санадҳои ду Садр иҷро ҳама аз рӯи виҷдон шуд.
 
Ҳама хешу табор астанд аз авлоди аҷдодӣ,
Раводид аз миён рафт, омаду рафт амру фармон шуд.
 
Физояд гардиши молу тиҷорат, пулу ҳам асъор,
Ҳама маҳсул арзон шуд, барори кори деҳқон шуд.
 
Санадҳо ҷумла омода барои рушди ду кишвар,
Ҳаме имзои ҳуҷҷатҳо ба рӯи даҳр эълон шуд.
 
Кушода роҳҳо, пулҳо ба чор атроф бас озод,
Саразмо, сайри сайёҳон зи марзат то Бадахшон шуд.
 
Яқин, ҳамсояи наздик бошад беҳ зи хеши дур,
Накӯкорию сулҳу меҳр, бин, аз рӯи Қуръон шуд.
 
Миёни ин ду миллат оташи кин душман афрухта,
Баду бадхоҳ, бин маҳви асои дасти чӯпон шуд.
 
Зи ин иқдомҳо коми рақибон талх мегардад,
Ки ёрон шодмон, дар лонаи бадхоҳ исён шуд.
 
Пазируфтанд паймони бародархалқро яксар,
Дуъо гуфтанд мардум, оқибат навмед шайтон шуд.
 
Ба бӯву накҳати Наврӯз ду миллат ба ҳам омад,
Чу тӯй ин шодии мардум аҷаб таърихи даврон шуд.
 
Ғами дил дар миёни мардуми одӣ намонд акнун,
Ҳаме пайванди дилҳо ин ҳама аз баҳри инсон шуд.
 
Самимона бигӯем: "Хуш келибсиз, эй азиз дӯстлар!",
Ба ҳамдигар ду миллат оқибат меҳмону мизбон шуд.
 
Ниҳонӣ, рост гӯ, кӣ шуд сабабгори ҳамин иқдом?
Мададгор Садри ду кишвар ба амру назри Яздон шуд.

Лентаи хабарҳо
0