Тоҷикистон шумораи ҷангиён дар марз бо Афғонистонро муайян кард

© SputnikПограничный пост между Таджикистаном и Афганистаном, архивное фото
Пограничный пост между Таджикистаном и Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ҷамъшавии ҷангиён дар марзҳои ҷанубии кишвар, изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳаракати ифротгарои «Толибон» (мамнӯъ дар ҶТ) ҳудуди ҳафт ҳазор ҷангиёнро истиқор кардааст, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА бо истинод ба суханони фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и ҷумҳурӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

"Аз ҷануб ба шимоли Афғонистон 6 ҳазору 850 ҷангии ҳаракати Толибон партофта шудааст. Ҳоло онҳо дар 29 пойгоҳҳои тамринии вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, қарор доранд. Бисёре аз ин ҷангиён зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд", — гуфт фармондеҳи ҳарбии тоҷик.

Шерали Хайруллоев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Шералӣ Хайруллоев аз нооромӣ дар марз

Вай дар робита ба ҷамъшавии ҷангиён дар марзҳои ҷанубии кишвар изҳори нигаронӣ карда, хотиррасон шуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон дарозтарин хатти сарҳадро дорад.

Раҳмоналӣ таъкид намуд, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон барои танҳо Тоҷикистон як дарди сар шудаасту, бас. Вале дар айни ҳол, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз кишварҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ барои кумак дар тақвияти марзҳои ҷанубии кишвар, арзи сипос намуда, қайд кардааст, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба кумак ниёз дорад.

Ёддовар мешавем, ки сарвари ВКХ Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар конфронси байналмилалии оид ба Афғонистон дар Тошканд гуфтааст, ки ҳаракати террористон ба самти манотиқи шимолии кишвари Афғонистон, боиси нигаронии ҷиддии Тоҷикистон шудааст.

"Фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ, ҳаракати онҳо ба минтақаҳои шимоли Афғонистон, бахусус ба вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, афзоиши шумори тарафдорони ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва як идда кишварҳои дигар — шарҳ аз идора), инчунин иштироки як қатор шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар гурӯҳчаҳо ва ҳаракати террористӣ, ки дар Афғонистон ҷойгиранд, боиси ташвиши ҷиддии мо гардидааст", — шарҳ дод Аслов.

Қаблан сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки алъон вазъ дар Афғонистон нигаронии ташвишовареро, ба сар овардааст. Тавсеаи вазъи низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, тамоюл ба ташдиди бештарро дорад, зикр кард раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ илова намуд, ки таҳияи дидани чораҳои якҷояи зарурӣ барои таъмини амният ва субот дар минтақа, аз ҷумла дар мубориза бо паҳншавии ғайриқонунии маводи мухаддир, хеле муҳим аст.

Лентаи хабарҳо
0