Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохила

Обуна шудан
Дар Вазорати корҳои дохилии Узбакистон ҳатф вазифадори нав таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбакистон тағйироти кадрӣ амалӣ шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВКД ин кишвра.

Ҳамин тавр, подполковник Алматов Дилшод Тулкинович сардори  шууъбаи ВКД ноҳияи Ахаргарани Тошканд таъйин шудааст.

Майор Орипов Обид Одилович сардори Шӯъбаи ташкилӣ ва тафтишотии иттилоотию таҳлилии Раёсати ВКД Тошканд шудааст.

Подполковник Тошпулатов Ҳоҷиакбар Мамадғозиевич-сардори шуъбаи Раёсати ВКД ноҳияи Язёвони вилояти Фарғона шудааст.

Подполковник Хидиров Баҳром Муҳаммадович ба курсии сардори Шӯъбаи ВКД ноҳиявӣ дар вилояти Сурхандарё такя задааст.

Подполковник Аскаров Дилмурод Қобилович бошад, вазифаи сардори шуъбаи ВКД ноҳияи Кувини вилояти Фарғонаро соҳиб шудааст.

Подполковник Муминов Шуҳрат Азимович сардори шӯъбаи ВКД ноҳияи Риштони вилояти Фарғона таъйин шудааст.

Пештар дар Вазорати корҳои дохилии Узбакистон тағйироти кадрӣ шуда буд.

Он замон, подполковник Қосимов Файзулло Фахруллоевич сардори Раёсати технологияи информатсионӣ ва ҳифзи маълуоти ВКД Узбакстин таъйин шуда, полковник Худойбергенов Илҳомбой Тиллобоевич вазифаи сардори Раёсати ВКД вилояти Тошкандро бар дӯш гирифтааст.

Полковник Сафаров Баҳриддин Уролович муовини сардори Раёсати ВКД вилояти Ҷиззак шуда, полковник Ҳасанов Оқил Аҳатович ба курсии муовини сардори ВКД вилояти Навоӣ такя зад.

Лентаи хабарҳо
0