Ситора Шоҳдавлат дар Русия бунёди хайрия ташкил кард

© Фото : Аз бойгонии СитораСитора Шохдавлат, архивное фото
Ситора Шохдавлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи хайриявии "Некӣ мекунем" (Делаем добро)-ро аллакай муҳоҷирони Русия хуб мешиносанд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Рӯзи 4 майи соли 2018 дар Русия бунёди "Некӣ мекунем" расман ба фаъолият оғоз кард, дар ин бора раҳбар ва бунёдгузори ин созмон Ситора Шоҳдавлат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ситора Шоҳдавлатро дӯстону пайвандон, ёрону ҳамвандон бонуе меҳрубону дилсӯз ва накӯкору хайрхоҳ мешиносанд. Солҳост, ки Ситора дар Маскав зиндагӣ ва кор мекунаду яке аз фаъолони ҷомеъаи тоҷикони ин шаҳр аст.

Погрузка гуманитарной помощи из самолета МЧС РФ в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ёрии муҳоҷирон ба ниёзмандони Рӯшон: аз пӯшоку пойафзор то доруву дастгоҳ

То имрӯз Ситора бо таъсиси гурӯҳи кӯмак ба муҳоҷирон, ҳамроҳи дӯстони некхоҳаш, даҳҳо беморро шифо бахшидаву ба садҳо муҳоҷирони ниёзманд кӯмаки ҳуқуқӣ, молӣ ва маънавӣ расонидааст, корсертҳои хайриявӣ ташкил кардаанду ба ҳамватанон дар Тоҷикистон ҳамёрӣ расонидаанд.

"Ҳар инсон дер ё зуд нақши аслии худро дар зиндагӣ меёбад. Ман фикр мекунам вазифаи аслии ман дар ҳаётам кӯмак ба ниёзмандон ва беморон аст", — гуфт Ситора ва афзуд, ки аз чеҳраи шифоёфтаи ҳар бемор ҷони тоза мегираду худро хушбахттарин инсони дунё эҳсос мекунад.

Пӯшида нест, ки зиндагиву кор ва ташкили гурӯҳи расмии хайрия дар кишвари бегона кори осоне нест. Вале Ситора мегӯяд, ки "агар инсон худро ва ҷомеъаеро, ки дар он ба сар мебарад, дину оини мардумашро ҳурмат кунаду аз қавонини он огоҳ бошаду онҳоро риоя кунад, ҳеч мушкиле пеш намеояд".

Бунёди "Некӣ мекунем" аз 4 май ба беморону ниёзмандон кӯмак мекунаду омода аст, дасти ҳар фитодаеро бигирад.

"Мо натанҳо ба ҳамшаҳриҳо ва ҳамватанони худамон кӯмак хоҳем кард, балки мехоҳем ба қадри имкон дасти ҳар нафари ниёзмандро бигирем, новобаста аз дину мазҳаб ва рангу нажод", — гуфт Ситора ва афзуд, ки эҳтимол ҳамин шиори кӯмак ба ҳама буд, ки ҳукумати Русия ҳам ин бунёдро бе чуну чаро сабти ном кард.

Бунёди хайриявии Ситора Шоҳдавлат-"Некӣ мекунем" расман рӯзи 4 апрели соли 2018 дар Вазорати адлияи Федератсияи Русия сабти ном шудааст ва аз имрӯз ба фаъолияташ расман оғоз кард.

Аъзоёни Шӯрои ин бунёд ашхоси хайрхоҳу обрӯманд ва мутаххасисони беҳамтои соҳаҳои гуногун, оғоз аз ҳунару эҷод то тандурустиву ҳуқуқ мебошанд. Ба ин гурӯҳ Фируз Сабзалиев, Рушт Руштов, Нур Шоинбеков, Ҷура Шоваллӣ, Арсен Худододов шомил ҳастанд, ки ҳамаи онҳоро хоҳиши кӯмак кардан ба муҳоҷирон ва умуман одамони ниёзманд гирди ҳам овардааст.

"Ман бо дӯстонам ва мардумамон, ки дар рӯзи сахтиву гирифторӣ ба мустамандон дасти ёрӣ дароз мекунанд, ифтихор мекунам. Дар чунин мавридҳост, ки эҳсос мекунам, ки инсон агар ба дигарон ёрӣ расонад, худ низ хушбахт мешавад. Бовар дорам, ки ёрӣ кардан ба дигарон вазифаам аст", — мегӯяд Ситора Шоҳдавлат.

Орзумандем Ситора ва гурӯҳашон дар амалӣ кардани ин ниятҳои нек комёб шаванд.

Лентаи хабарҳо
0