Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои наздисарҳадиро тақвият мебахшанд

© SputnikПограничник на участке границы, архивное фото
Пограничник на участке границы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо мавзӯи суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайнро таъкид намуданд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои наздисарҳадиро тақвият мебахшанд. Дар ин бора вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар рафти мулоқот таъкид доштанд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз, 5 май Сироҷиддин Аслов вазири умури хориҷаи ҶТ бо Эрлан Абдилдаев вазири умури хориҷаи Қирғизистон мулоқот кардааст.

Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои созанда ва ҳусни эътимод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо мавзӯи суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайнро таъкид намуданд.

"Зимни суҳбат ҳамчунин зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобил, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид", — тавзеҳ медиҳад дафтари матбуотӣ.

Массовые столкновения на киргизско-таджикской границе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсоя на дасти соя: навори задухурди тоҷикону қирғизҳо дар марз

Инчунин дар рафти вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон баҳри татбиқи лоиҳаи СASA-1000 талошҳои муштарак хоҳанд кард. Ин нуқтаи назарро  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев дар рафти мулоқоташон зикр карданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон,  4 май раисҷумҳур  дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карда шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала