Эмомалӣ Раҳмон ба Воҳид Самадов 4 ҳазор сомонӣ фиристод

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадови 94-сола рафтанд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ба муносибати 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон иштирокчии ҶБВ Воҳид Самадови 94-соларо аёдат намуданд.

Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, хабар медиҳад.

"Раҳматулло Файззода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон собиқадори ҷангу меҳнатро аз номи Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ба Воҳид Самадов ҳадяпулии раисҷумҳур дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ тақдим кард", — омадааст дар хабарнома.

Раджаббой Ахмадзода председатель Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суғд ба аёдати пизишки хизматнишондодаи Тоҷикистон рафтааст

Намояндаи мақомоти Суғд Саидамин Исомиддинзода собиқадорро аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда, туҳфапулии раиси вилоятро дар ҳаҷми якуним ҳазор сомонӣ ва раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳадяпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ супориданд.

Воҳид Самадов 21-уми январи соли 1924 дар деҳаи Хистеварз таваллуд шудааст. Моҳи октябри соли 1942 ба фронт даъват шуда, то захм бардоштан дар хатти ҷангии Харков бо душман дар муҳорибаҳои шадид набард кардааст.

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредставители аппарата президента навестили ветерана ВОВ
Представители аппарата президента навестили ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон
Представители аппарата президента навестили ветерана ВОВ

Барои ҷаросату қаҳрамонӣ Воҳид Самадов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои "Ситораи сурх", "Ҷанги Бузурги Ватанӣ" дараҷаи аввал, "Шараф" — дараҷаи сеюм, ҳамчунин бо 15 медали гуногуни ҷангиву ҷашнӣ мукофотонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала