Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Покистон

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар паи таркиши газ дар ду кони ангишти Ҷумҳурии Покистон даҳҳо нафар ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвардори Покистон Мамнун Ҳусейн номаи таслият равон кардааст.

Дар ин нома аз ҷумла омадааст, ин ин хабари фоҷиабор боиси андӯҳи амиқи раисҷумҳури Тоҷикистон шудааст.

"Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиши газ дар ду кони ангишти вилояти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин фоҷиаи ҳузнангез тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала