Владимир Путин расман раисҷумҳури Русия шуд

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкИнаугурация президента России В. Путина
Инаугурация президента России В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин савганд ёд кард, пасон раиси Додгоҳи конститутсионӣ Валерий Зоркин рамзҳои қудрати давлатиро ба ӯ супурд ва дар бораи оғози фаъолият эълом кард

ДУШАНБЕ, 7 май- Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба вазифаи сарвари давлат барои як даври шашсолаи нав, қабул гардид.

Путин савганд ёд кард, баъд аз он раиси Додгоҳи конститутсионӣ Валерий Зоркин рамзҳои қудрати давлатиро ба ӯ супурд ва дар бораи расидан ба мансаб, эълом дошт.

Инауруратсияи Владимир Путин оғози марҳилаи нави рушди Русия буда, дар пеш кори хеле ҷиддӣ ва масъулиятнок истодааст, ки натоиҷи онро тамоми шаҳрвандони кишвар интизоранд, эълом дошт раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин.

"Раисҷумҳур Владимир Путин, ки аксарияти овозҳои мутлақи шаҳрвандони Русияро дар интихобот ба даст овардааст, имрӯз расман ба вазифааш оғоз кард. Акнун марҳилаи нави рушди Русия фаро расидааст, ки аҳдофи он аз ҷониби президенти ФР ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Дар назди мо кори хеле ҷиддӣ ва масъулиятнок истодааст, ки натоиҷи онро тамоми шаҳрвандони кишвари мо интизоранд. Боварӣ дорам, ки мо ҳамроҳ метавонем роҳҳои ҳалли ин вазоифро пайдо намоем", — иброз дошт раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ба хабарнигорон пас аз маросими инаугуратсия.

Раъйдиҳӣ дар интихоботи раисҷумҳури Русия рӯзи 18-уми март баргузор гардид. Иштироки раъйдиҳандагон 67,54% —ро ташкил дод. Раисҷумҳури кунунии Русия  Владимир Путин бо натиҷаи 76,69%-и овозҳо ғолиб баромада, тибқи маълумоти ниҳоии КМИ, беш аз 56,4 миллион интихобкунанда ба тарафдории ӯ овоз доданд.

Тавре назарсанҷии Маркази умумирусиягии пажӯҳиши андешаи ҷамъиятӣ нишон дод, кори Владимир Путинро дар мансаби раисҷумҳури Русия 82%-и шаҳрвандон, наку медонанд.

Чунин нишондод (82%), масалан, дар рафти назарсанҷии моҳи майи соли 2007 собит шудааст. Ба таври мусбат кори роҳбари давлатро имрӯз бештар занон (85%), сокинони деҳот (85%) ва одамони насли калонсол (91% дар гурӯҳи мусоҳибони синнашон аз 60 боло) арзёбӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0