Муайян шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҶБВ чанд пул ҷудо кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан, Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан, Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар куҳансарбози ҶБВ 4 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба муносибтаи 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба барои ҳар собиқадори ҷанг чаҳор ҳазор сомонӣ (наздики 450 долллар) ҷудо кардааст.

Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода хабар додааст.

Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорон ва коркунони ақибгоҳ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон на бештар аз 345 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ибтидои соли 2017 шумораи онҳо 526 нафар буд ва дар моҳи май бошад, — 447. Авохири соли 2017 сарбози бузургсолтарини Тоҷикистон Додарҷон Умаров, ки 117 сол дошт аз олам чашм пӯшид.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Воҳид Самадов 4 ҳазор сомонӣ фиристод

Пештар хабар дода шуд, ки куҳансарбозон, кормандони ақибгоҳ ва маъюбони ҶБВ аз шаҳрдорӣ 1500 сомонӣ кӯмакпӯлӣ дарёфт хоҳанд кард.

Чунин қарор аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ қабул шудааст.

Рустами Эмомалӣ, дастур додааст, ки барои иштирокчиёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, собиқадорони ҷанги Афғонистон ва маъюбони садамаи Чернобил 720 ҳазор сомонӣ ё 81 ҳазор доллар маблағ ҷудо карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0