Ҷойи охирони донишомӯзони ВМКБ: олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеВ Душанбе стартовала Международная олимпиада Самарского университета
В Душанбе стартовала Международная олимпиада Самарского университета - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 7 май натиҷаи ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявиро мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат кардаанд.

Ба гузориши Вазорати маориф, зимни баргузории олимпиада барои иштирокчиён шаффофият ва дастёбии баробар таъмин карда шудааст.

Тибқи талаботи Низомномаи олимпиадаҳо, супоришҳо дар шакли тестӣ ва кори хаттӣ ба роҳ монда шуданд.

Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 236 донишомӯз ширкат кардааст.

Аз ин шумора 48 нафар хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (11 медали тилло, 14 медали нуқра, 23 медали биринҷӣ) гардиданд.

Дар олимпиадаи мазкур хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 18 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 6 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ), хонандагони вилояти Суғд сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 3 медали нуқра, 8 медали биринҷӣ), хонандагони вилояти Хатлон сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра, 7 медали биринҷӣ), хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 4 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 1 медали нуқа, 2 медали биринҷӣ), ва хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 1 ҷойи ифтихорӣ (1 медали нуқра) гардиданд.

© Министерство образования и науки Республики Таджикистан Результаты олимпиады по регионам Таджикистана
Результаты олимпиады по регионам Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Результаты олимпиады по регионам Таджикистана

Инчунин, дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставӣ байни хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 233 нафар хонанда иштирок карданд, ки 43 нафар онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (13 медали тилло, 12 медали нуқра, 18 медали биринҷӣ) гардиданд.

Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставӣ, дастаи хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар Душанбе бо гирифтани 17 ҷойи ифтихорӣ (5 медали тилло, 5 медали нуқра, 7 медали биринҷӣ) сазовори ҷоизаи дараҷаи якум, "Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон" бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ) сазовори ҷоизаи дараҷаи дуюм, "Литсей- интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 3 медали биринҷӣ) бо ҷоизаи дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳамзамон, хонандагони "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон" сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали биринҷӣ), "Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ" дар шаҳри Душанбе сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ (1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ), "Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ" сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 1 медали нуқра), "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб" сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 1 медали нуқра), "Мактаби Президенти барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Ҳисор сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (2 медали биринҷӣ), "Гимназияи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияии Данғараи вилояти Хатлон" сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (2 медали биринҷӣ), "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон" сазовори 1 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло), "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Турсунзода сазовори 1 ҷойи ифтихорӣ (1 медали нуқра) гардиданд.

Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷом, медалҳои рамзӣ, Ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф —китоби  Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки барои иштироки фаъолона дар олимпиадаи мазкур 34 нафар хонанда бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гаштаанд, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, таносубан ба 100, 75 ва 50 холи (бонус) иловагӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Дар байни иштирокчиёни олимпиада 7 нафар сазовори аз 90 то 100 хол гардиданд, ки тибқи талаботи Низомномаи Олимпиадаҳо дар сурати мувофиқат намудани фан ба ихтисос соҳиби "Тавсиянома"-и Вазорати маориф гашта, тариқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0