Русия ба Тоҷикистон 4 худрав тақдим кард

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ҷониби Русия 4 адад худрав дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дидору мулоқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии Хадамоти гумрук.

Дар мулоқот иҷрои қарорҳои қабулгардидаи Протоколи мулоқоти миёни роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Россия аз соли 2015 мавриди баррасӣ шудааст.

Дар ин росто, ҳукумати Русия ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон 4 адад воситаҳои нақлиёт тақдим кардааст.

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода ба Ҳукумати Русия барои ироаи кумаки техникӣ миннатдорӣ намуда, гуфтааст, ки дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук дар заминаи Академияи гумруки Русия барои таъмини захираҳои кадрии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамкории самарабахш ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳадяи Ҳукумати Русияро ба мақомоти гумруки Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат арзёбӣ карда гуфтааст, ки дар оянда ҳамкории анъанавӣ ва самарабахши Тоҷикистону Русия беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0