Тоҷикони Маскав дар "Ҳанги ҷовидон" ширкат мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджики прошли "Бессмертным полком" по Москве
Таджики прошли Бессмертным полком по Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикони муқими Маскав дар ҳайъати алоҳида дар "Ҳанги ҷовидон" роҳпаймоӣ мекунанд. Роҳпаймоӣ рӯзи 9 май соати 13.00 аз назди истгоҳи метрои Белорусская оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тоҷикони Маскав дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" дар Маскав ширкат мекунанд, хабар медиҳад созмони "Нур".

"Пагоҳ дар чорчӯби аксияи "Ҳанги ҷовидон", созмони "Нур" ва Федеросюни муҳоҷирони Русия ҳайъати алоҳидаеро иборат аз зодагони Тоҷикистон ташкил мекунанд", — хабар дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи созмони "Нур" Карамшо Мамаднасимов.

Роҳпаймоӣ рӯзи 9 май соати 13.00 аз назди истгоҳи метрои Белорусская оғоз мешавад.

Нахустин бор тоҷикони Маскав соли 2016 ба аксияи "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуда буданд.

Порсол дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" беш аз 700 намояндагони Тоҷикистон бо аксҳои бобоёни худ қадам заданд.

Лентаи хабарҳо
0