Беш аз миллион: навори "Ҳанги ҷовидон" дар шаҳрҳои Русия

Обуна шудан
Рӯзи 9 май чандин миллион шаҳрвандони Русия дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар ба "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуданд

Дар Маскав дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" бештар аз як миллион нафар ширкат кард. Як каме камтар дар шаҳри Санкт-Петербург роҳпаймоӣ карданд.

Дар умум дар қаламрави Русия беш аз 10 миллион нафар ба роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидлон" баромад.

Аксияи "Ҳанги ҷовидон" ҳамчунин дар Сербистон, Эстония, Латвия, Олмон, Бритониё, Австралия, Белорус, Гурҷистон, Молдова, Лаҳистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Чин, Арманистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо баргузор шуд.

Тоҷикони Маскав ҳам  рӯзи 9 май ба "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуданд

Ба муносибати  73-солагии Рӯзи Пирӯзӣ наздики ҳазор тоҷик ҷамъ омада, то майдони Сурх роҳпаймоӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0