Вакилони парлумони Эрон парчами Амрикоро оташ заданд-Навор

© AP / Yorgos KarahalisГорящий флаг США, архивное фото
Горящий флаг США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони парлумони Эрон дар баробари сӯзонидани парчами Амрико шиорҳои зидди Амрико мепартофтанд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Вакилони парлумони Эрон дар вокуниш ба хориҷ шудани Доналд Трамп аз созиши атомӣ, намоишкорона парчами Амрикоро оташ заданд.

Навори оташзании парчами Амрикоро расонаҳои эронӣ дар шабакаи YouТube нашр кардаанд.

Яке аз вакилон парчами коғазии Амрикоро бароварда мехост онро оташ занад. Дар аввал парчам оташ нагирифт ва ҳамкорони вакил ба ӯ кумак карданд.

Боз як козағи дигар-нусхаи қарордоди созиши атомӣ ҳам оташ зада шуд.

Дигар вакилон шиорҳои зидди Амрико мегуфтанду ҳамкоронашрон дастгирӣ мекарданд. Хокистари коғазҳои оташзадаро вакилон поймол карданд.

Пештар раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар Вашингтон эълом дошт, ки мехоҳад аз созиши атомӣ ихроҷ шавад. Сухан дар бораи қарордоде меравад, ки се сол пеш соли 2015 баста шуда буд.

Он замон шаш миёнаравони байналмилаллӣ (Русия, ИМА, Бритониё, Чин, Фаронса ва Олмон) бо Эрон дар бораи мушкили чандсолаи атомии ин кишвар созиш карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0