Посбонон нагузоштанд, раисҷумҳур худ ба назди собиқадор рафт (Навор)

Обуна шудан
Собиқадори ҷанг хост ба назди Владимир Путин биёяд, вале посбонон пеши роҳи Дмитрий Сиркашеви 94-соларо гирифтанд

Пас аз анҷоми гузашти низомӣ дар майдони Сурх, яке аз куҳансарбозони ҶБВ аз минбар фаромада ба назди раисҷумҳури Русия Владимир Путин омад.

Вале посбонон пеши роҳи ӯро гирифта нагузоштанд, ки собиқадор ба раисҷумҳур наздик шавад.

Прездиент ин қазияро пай бурда худ ба пеши собиқадори 94-сола рафт. Ӯ дасти собиқадорро фишурда Дмитрий Сиркашевро бо 73-солагии Рӯзи Пирӯзӣ табрик гуфт ва пешниҳод кард, ки ҳамроҳ дар Боғи Александров бар пояи муҷассамаи сарбози номаълум гулчанбар гузорад.

Пас аз ин раисҷумҳур ва собиқадор гашту гузорро идома дода майдони Сурхро тарк карданд.

Сиркашев дар солҳои ҶБВ дар озод намудани шаҳри Смоленск ва Кёнисберг ширкат кардаву ду бор захмӣ шудааст. Барои ҷасорат ва мардонагӣ ӯ бо медали "Ҷасорат" сарфароз гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0