Пеш аз Лукашенко: ҳунармандони маъруфи Белорус ба Тоҷикистон меоянд

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт Иранского певца Andy в Москве
Концерт Иранского певца Andy в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 13 то 17 май дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Белорус баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Қарор аст, аз 13 то 17 май рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон баргузор шавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Белорус.  

Қарор аст, ансабли далавлатии академикии хореографии "Хорошки", ҳунарманди мардумии Белорусия Алена Ланский ва ҳунарманди хизматнишондодаи ин кишвар Владимир Громов ба Тоҷикистон биёяд.   

Дар рӯзҳо фарҳанг намоиши музеи таърихии миллӣ "Белорус ва белорусҳо" ва намоиши рӯзҳои синамо баргузор хоҳад шуд. Имкониятҳои ҷаҳонгардии Белорусро Аҷонсии миллии сайёҳӣ ва Вазорати варзиш муаррифӣ хоҳад кард.

Президент Республики Белоруссия Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Замони сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон муайян шуд

Маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон 16 май баргузор хоҳад шуд.

Ҳайати расмии Белорусро вазири фарҳанги Белорус Юрий Бондар ҳамроҳи хоҳад кард.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко 14 май ба Тоҷикистон сафар карда, то 16 май дар кишвар мемонад.

Лентаи хабарҳо
0