Замони сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон муайян шуд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Замони дақиқи сафари раисҷумҳури Белорус ба Тоҷикистон маълум шуд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки Александр Лукашенко ба Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко 14 май ба Тоҷикистон сафар карда, то 16 май дар кишвар мемонад, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.

"Аз 14 то 16 майи соли 2018 – сафари расмии раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон дар назар аст", — омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин ба гузориши Вазорат, аз 14 то 20 майи соли 2018 – ташрифи ҳайатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон барои ширкат дар Ҳамоиши байналхалқии "Волонтёрон дар мавзӯи муҳофизати мероси маданӣ ва фарҳангӣ" дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0