Донишҷӯёни тоҷик дар Ҷоми минифутболи “Дӯстии халқҳо” пирӯз шуданд

Обуна шудан
Тими минифутболи донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Қазон дар мусобиқаи “Дӯстии халқҳо” пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар шаҳри Қазон дар доираи Спартакиадаи "Дӯстии халқҳо" мусобиқаи минифутбол миёни донишҷуён  Урупо, Осиё, Африқо, Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ баргузор шудааст. 

Тими донишҷёни Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ дастаи Русияро шикаст дода пирӯзи ҷоми "Дӯстии халқҳо" шуданд. Тавре ҷаъмияти тоҷикони Тотористон хабар медиҳад, дар даври нимниҳоӣ тими Тоҷикистон дастаи Ироқро 6:1 шикаст дода ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар финал донишҷӯёни тоҷик бо тими Русия сабқат карданд ва дар бар он пирӯз шуданд. 

Мусобиқа бо ибтикори Лигаи донишҷӯёни Тотористон, Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Тотористон ва Ассоситсияи донишҷӯёни хориҷӣ ва аспирантҳои Қазон ташкил шудааст. 

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 600 донишҷӯ аз 22 кишварҳои Урупо, Осиё, Африқо Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ  ширкат кардааст.

Дар ин мусобиқаи мазкур тимҳои донишҷӯёни Амрико, Ангола, Афғонистон, Бенин, Гвинея, Конго, Миср, Русия, Сурия, Судон, Тоҷикистон, Туркаманистон, Узбакистон, Чад, Ҳиндустон, Ироқ, Яман, Колумбия, Қирғизистон ва Нигерия ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0