Рақси меҳмонони беларусӣ бо духтарони тоҷик дар шаҳри Ваҳдат

© Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳмонони беларусӣ бо шавқ тоқиҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, пероҳани чакану адрас, ҷӯробҳои милливу сӯзаниву чодар ва сабаду табақҳоро тамошо карданду бо гулдухтарони шаҳри Ваҳдат зери оҳанги тоҷикӣ ба рақс даромаданд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Рӯзи 15 май ширкаткунандагони Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанг.

Меҳмононро дар назди Қасри фарҳанги шаҳр аҳолии Ваҳдат бо роҳбарии раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифтаанд.

Концерт Иранского певца Andy в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Пеш аз Лукашенко: ҳунармандони маъруфи Белорус ба Тоҷикистон меоянд

Гуфта мешавад, ки ба ифтихори меҳмонон намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид.

Меҳмонони беларусӣ бо шавқ тоқиҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, пероҳани чакану адрас, ҷӯробҳои милливу сӯзаниву чодар ва сабаду табақҳоро тамошо карданду бо гулдухтарони шаҳри Ваҳдат зери оҳанги тоҷикӣ рақсидаанд.

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат барномаи бошукӯҳи ҳунарии ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон манзури тамошобинон гардидааст.

"Роҳбари ҳайати эҷодии Рӯзҳо, раиси ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи "Хорошки" Александр Никита гуфтааст, ки аҳли гурӯҳ аз пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми Ваҳдат ба ваҷд омаданд", —омадааст дар хабарнома.

Ӯ инчунин гуфтааст, ки  Рӯзҳои фарҳанг ба рушди боз ҳам устувории муносибаҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Аҳли толор ба барномаи ҷолиби ҳунарпешаҳои беларусӣ аҳсан хонданд. Рақсҳои ҷолибу миллии ансамбли "Хорошки", таронаҳои дилнавози ҳунарпешаҳои хизматнишондода Владимир Громов ва Алёна Ланская аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардидааст.

Суруди машҳури "Муҳаббат", ки армуғони меҳмонони беларусӣ ба аҳли толор буда, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намудааст.

Лентаи хабарҳо
0