Эмомалӣ Раҳмон: Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти тоҷик хидмати шоиста кард

© © Sputnik / Амир ИсаевЗнаменитый таджикский поэт Мумин Каноат, архивное фото
Знаменитый таджикский поэт Мумин Каноат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки "номи нек ва осори ватандўстонаи Муъмин Қаноат дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд"

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи шоири номдор Муъмин Қаноат, ҳамдардӣ кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Дар номаи таслияти Раҳмон аз ҷумла гуфта шудааст, ки Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хизмати шоистае анҷом додааст.

Мумин Каноат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат

"Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ кору фаъолият дошт.

Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.

Номи нек ва осори ватандўстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд".

Шоири номдори тоҷик Муъмин Қаноат имрӯз, 18 май дар манзилаш дар Душанбе дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0