Охирин мусоҳибаи шоири шаҳири тоҷик Мӯъмин Қаноат

© Sputnik / Амир ИсаевМумин Каноат. Архивное фото
Мумин Каноат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи гузашта дар синни 86 солагӣ шоири шаҳири тоҷик Мӯъмин Қаноат дунёро падруд гуфт. Sputnik Тоҷикистон мусоҳибаи охирини худро бо ин шахсияти барҷаста, ки хотира аз ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, ба ёд меоварад

Дар солҳои охир, шоири 83-солаи халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат аз мубоҳисаҳои мушкилоти ҷомеаи тоҷик худдорӣ мекард.

"Аз ду сар ман ҳеҷ чизро дар танҳоӣ тағйир дода наметавонам, бино бар ин, ҳама чизро ба дасти Худо месупорам", — мегӯяд шоир.

Ба шахсияти эҷодӣ, тибқи гуфтаҳои ӯ, Худованд бояд се зиндагӣ ато мекард: дар тӯли якумаш ӯ бояд ба омӯзиш мепардохт, дар зиндагии дуввумаш — чизҳои омӯхтаашро дар амал татбиқ мекард ва дар саввумаш — эҷод мекард.

— Мутаассифона, ман чунин имконро надорам. Ҳоло дар синни пирӣ ман мекӯшам то чизҳои аз даст рафтаро пас гардонам: азоби чизе ислоҳ карданро накашам, ки наметавонам, балки ба корҳои воқеӣ пардозам, — иброз медорад устод Қаноат. — Чунин чиз барои ман дар айни замон кори илмӣ аст.

"Чанде боз ман ба омӯзиши амиқи китоби Авасто ва дини зардуштӣ шурӯъ кардаам. Зардуштияро на ҳамчун дин, балки мисли як фалсафа таҳқиқ мекунам, ки дар манбаи он ҳақиқати машҳур ниҳода шудааст: пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек. Ҳама ҷаҳониён, моҳиятан, саъй мекунанд то ба ин ҳақиқат расанд, кулли адёни олам дар атрофи ин мавзӯъ баҳс мекунанд, ва сиёсати ҷаҳони муосир низ бояд дар асоси ин сегона офарида шавад. Яке аз самтҳои корҳои илмии ман алъон ба таҳлили ин мавзӯъ равона аст", — гуфт адиб.

Ҳукумати Тоҷикистон, тибқи гуфтаҳои устод Қаноат, ба омӯзиши амиқ ва дарки ин ҳақиқат на камтар аз дигарон ниёз дорад ва инро бояд ба инобат гирад.

Вай бидуни рағбат, пас аз андешаи тӯлонӣ, бо баёни афкори хеш роҷеъ ба он, ки Тоҷикистон дар куҷо ва ба чӣ иллат аз тараққиёт ва рушди худ дармонд, шурӯъ кард. Гарчанде дар ибтидои сӯҳбат адиб роҷеъ ба сиёсат, иқтисод ва ё мушкилоти иҷтимоӣ изҳори назар карданро қатъиян рад карда буд. Аммо дили шоир, чуноне ки мегӯянд, набардошт…

Мӯъмин Қаноат дар бораи Тоҷикистон ва адабиёт

— Агар рости гапро гӯем, маро ояндаи ҷомеаамон сахт метарсонад.

— Масалан, аз он чизе сар кунем, ки ба ман наздиктар аст, яъне аз адабиёт, пас бояд қайд кард, ки роҷеъ ба адабиёти тоҷик сухан рондан ҳоло маъное надорад. Хеле мутаассифам, вале ин воқеият аст. Шахсан ман якчанд шогирд ба воя расонидам, вале онҳо низ, чӣ тавре ки аз шеърҳову гуфтаҳояшон бармеояд, он қадар оқил нашуданд.

Ягона шогирди шоистаи ман марҳум Лоиқ Шералӣ буд, ки ӯро камина ба тамоюлҳои нави назм шинос карда будам, дар шахсияти ӯ ман манбаи ғурур, озодификрӣ ва ҳисси ифтихороти миллиро парварда будам. Аммо бо як тарбия чизи муҳимеро ба даст овардан мумкин нест, агар дар ботини худи шахс манбаи зарурӣ набошад. Ва Лоиқ чунин шахсият буд, вай таърихи халқи тоҷик, тарҷумаи ҳоли фарзандони бузурги онро меомӯхт ва офаридаҳои онҳоро амиқан таҳлил мекард.

Народный поэт Таджикистана, лауреат Государственной премии СССР Мумин Каноат с дочерью Ширин. - Sputnik Тоҷикистон
Ширин Қаноат: мепурсед, ки духтари падари машҳур будан осон аст?

Вале алъон аксарияти шоирон ва нависандагони ҷавон донистани решаҳои худро як чизи нолозим меҳисобанд. Омӯзиши адабиёти ҷаҳонӣ, санъат ва сиёсат дар онҳо дида намешавад. Охир "офаридани шоҳасар бо каллаи холӣ ҳеҷ имкон надорад, қаламро ба даст гирифтан бо ботини дохилии пуч — гуноҳ аст».

Ба фикри устод Қаноат, насли ҷавони адибон ба чунин мактабе, ки дар Иттифоқи нависандагон замони Боқӣ Раҳимзода (аз соли 1948 то соли 1980 шоир Раҳимзода мудири шӯъбаи назм ва муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд — идора) вуҷуд дошт, ниёз дорад.

Он замон шӯъбаи кор бо шоирон ва нависандагони ҷавон буд. Намояндагони он, чӣ тавре, ки Мӯъмин Қаноат ёдовар мешавад, ба саросари кишвар рафта, бачаҳои боистеъдодро аз мактабҳои миёна интихоб намуда, ба тарбияи онҳо мепардохтанд. Худи шоирро ҳамин тариқ Боқӣ Раҳимзода аз Дарвоз ба Ғарм оварда буду, дастгирияш мекард.

— Аммо, мутаассифона, ҳоло ин тавр нест, — идома медиҳад шоир. — Ҳамчунин мо асари ҳозиразамони шоистае надорем, ки барои ҷавонон намунаи ибрат шуда тавонад. Ҳамаи ин ба гӯшаи фаромӯшӣ ҳавола дода шудааст. Ҳеҷ кас фикр ҳам намекунад, ки бо чунин суръати суст ба адабиёти мо тақрибан пас аз бист сол, чӣ рух медода бошад?! Чунин оянда маро дар ҳарос гузоштааст…

Мӯъмин Қаноат дар бораи забони тоҷикӣ

Роҷеъ ба мавзӯи забоншиносӣ шоир қайд кард, ки дар рӯзҳои мо тамоюлоти аҷоиби инкишофи забони адабӣ мушоҳида мешавад: баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки онро ба сатҳи ниҳоят оддӣ фароранд, баъзеҳои дигар саъй мекунанд, ки онро то сатҳи ношинохтанӣ бароранд.

Профессор, заведующий кафедрой иранской филологии Владимир Иванов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Профессор Иванов: тоҷикон бояд забонашонро аз калимаҳои русӣ пок кунанд

— Ва аз ҳама ғарибаш — забонро то он дараҷае содда кардаанд, ки гӯйишҳои баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ истифода мешавад, — мегӯяд устод. — Дар баробари ин, гурӯҳи дуюм кӯшиш мекунад то забонро ба ҳадди аксар такмил диҳад, онро ба таври сунъӣ бо калимоту ибораҳои бегона, ғайритоҷикӣ, зеботар намояд. Ва дар ин маврид онҳо ба лаҳаҷоти сокинони Эрон назар меафкананду, такя мекунанд. Азбаски ба фикри эшон ҳар чизе, ки эрониён мегӯянд дуруст аст, онҳо ҳатто гумон намекунанд, ки бо ин роҳ бисёр калимаҳои арабиро ба забон ворид месозанд, ки онҳо муоширатро душвор мегардонанд.

Мӯъмин Қаноат итминон дорад, ки табиати забон татбиқи маснӯиро таҳаммул карда наметавонад: он мисли дарёи пурҷӯш аст, ҳама чизи нолозим ва беҷонро ба соҳил меандозад. Ҳамин чиз тадриҷан бо забони тоҷикӣ ҳам рух медиҳад, таъкид мекунад вай, чӣ қадар ки ба он вожаҳои нав шомил накунанд, онҳо барои забон бегонаанд, худӣ шуда наметавонанд.

— Вожаҳоро метавон аз дигар забонҳо гирифт, ба шарте ки шабеҳи онҳо дар забони мо набошад, — мегӯяд устод Қаноат. — Зиёда аз ин, дар даврони шӯравӣ забони тоҷикӣ ҳатто бо ҳама фаровонии вожаҳои байналмилалияш бештар тоза буд, нисбат ба забони адабии имрӯзае, ки мо дорем. Агар аз замони ҳукмронии шоҳи бузург Ҷамшед шурӯъ кунем, пас мебинем, ки забони мо таърихи 7 ҳазорсола дорад.

Дар ин муддати хеле тӯлонӣ забони мо бисёр чизҳоро дид. То замони Фирдавсӣ таърихшиносон, шоиру нависандагон калимаҳои зиёди арабиро ба он ворид карда буданд. Ин ҳама то он дараҷае омада расид, ки одамони оддӣ офаридаҳои онҳоро хонда, маънои навиштаҷоташонро фаҳмида наметавонистанд, ва худ ба худ савол медоданд, ки оё ин забони мост? Сипас Фирдавсӣ дар "Шоҳнома"-и худ мисле, ки кори имконнопазирро ба анҷом расонид, — ӯ принсипан кӯшиш кард то калимоти арабиро истифода набарад ва теъдоди онҳоро то ба 3 дарсад пойин овард.

© SputnikМӯъмин Қаноат
Мӯъмин Қаноат - Sputnik Тоҷикистон
Мӯъмин Қаноат

Ҳоло, ба боварии устод Қаноат, зарурати ниҳоят муҳим дар робита ба созмондиҳии як иттиҳодияи муштарак байни кишварҳои Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ба вазифаҳои аввалиндараҷаи он бояд масъалаи тозакунии забон аз вожаҳои хориҷӣ шомил гардад ва ҳамин тавр, он на танҳо ба забони муоширати озод ва адабиёти бадеӣ, балки ба як забони илм низ табдил дода шавад.

— Абуалӣ ибни Сино, ки дар Ғарб ҳамчун Авитсенна машҳур аст, охир тавонист, ки як қатор истилоҳоти тоҷикӣ дар соҳаи тиб, равоншиносӣ, кимиё, физик, нуҷумшиносӣ ва мусиқӣ кашф кунад, — идома медиҳад шоир. — Масалан, бемории "рак"-ро вай дар энсиклопедияаш "ҳазорреша" номидааст. Вале ҳоло, дар соҳаи тибби муосир, мо тамоман вожаи дигареро истифода мебарем — "саратон", ки он ҳам арабӣ аст.

Мӯъмин Қаноат дар бораи ҷавонони Тоҷикистон ва ифротгароӣ

Аммо мушкилоти забон ё адабиёти заиф, тибқи андешаи Мӯъмин Қаноат, ин танҳо як тарафи масъала аст. Беш аз ҳама ӯро муносибати оромонаи сокинони зиёди Тоҷикистон ба бесаводӣ нигарон кардааст.

— Мо ҳамеша дар бораи аҷдодони бузурги худ - Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Румӣ ва дигарҳо — доду вой мезанем, вале чаро мо кӯшиш намекунем, ки фарзандони сазовори ин падарон бошем?!

Ман бисёриҳоро мебинам, ки вақташонро беҳӯда мекӯшанд, ҳеҷ чизи навро омӯхтан намехоҳанд, барои рушди худ саъй намекунанд, ва пас аз ҳама ин мушоҳидаҳо, ман боз як бори дигар мефаҳмам, ки барои одами аҳмақ ҳатто се умр ҳам камӣ мекунад.

Мумин Каноат - Sputnik Тоҷикистон
Муъмин Қаноат: корнамоии тоҷикон дар ҶБВ набояд фаромӯш шавад

Масалан, манфиатҷӯиҳои баъзе аз шаҳрвандони моро нисбат ба экстремизму терроризм. Сабаби ин ҳама бесаводист. Танҳо нафари ҷоҳил метавонад силоҳ гираду худро сафед кунад, ки ин корро бо исми Худованд ва барои ӯ мекунад, дар ҳоле ки вай намефаҳмад, ки ин танҳо як тақсими амиқи ҷаҳон асту, халос. Дар асоси аъмоли ин гурӯҳчаҳо, ба мисли "Давлати исломӣ", мафҳуми дин вуҷуд надорад, мақсади онҳо танҳо соҳиб шудан ба он масоҳатҳоест, ки нафту гази фаровон доранд.

— Яке аз сабабҳое, ки ҷавонон ба ДОИШ мепайванданд, бо бесаводии динӣ алоқамандӣ дорад, аммо дар баробари ин, мо набояд фаромӯш кунем, ки ба чунин таҳдидҳои хатаровари берунӣ ноустувории дохилӣ дар кишвар низ мусоидат мекунад", — мӯътақид аст Мӯъмин Қаноат. — Дар бораи кадом саводнокӣ метавон ҳарф зад, вақте ки нерӯҳои дохилӣ наметавонанд байни худ забон ёбанд, ба як хулосаи мусбие оянду ҳамдигараҳмӣ кунанд. Агар сиёсати воқеии дарҳои боз вуҷуд надошта бошад, пас дар бораи он баланд дод задан дар ҳар гӯшаву канор ва таъкид кардан чӣ маъно дорад?!

Ҳамаи ин ҷаҳолати сиёсӣ, ки фазои умумии носолимро эҷод мекунад, ба натиҷаҳои охирини хоҳиши тағйир додани вазъе бо роҳи зӯроварӣ оварда мерасонад. Ана ҳамин тавр рух медиҳад, ки шахсиятҳои машҳуру номашҳур ба созмонҳои террористӣ мепайванданд.

Ба гуфти Мӯъмин Қаноат, одатан дар сафарҳои худ ба манотиқи Тоҷикистон ва берун аз он, вай диққати худро ба он равона мекунад, ки оё дар байни тоҷикҳо нафаре ҳаст то тавонад шахсияти сиёсии шоистае дар Тоҷикистон шаваду, чизи наверо ба системаи ҳозира ворид созад ва ба ин рукуди мавҷуда таъсир расонад.

 — Аммо чунин шахсият, роҳбари воқеии омода нест, — сарашро ҷунбонда ҷавоб медиҳад шоир, — мутаассифона, нест.

Лентаи хабарҳо
0