Тӯй дар китобхона: дар Маскав Рӯзи Тоҷикистон баргузор шуд

© Фото : Посольство Таджикистана в РоссииМолодежь Таджикистана провела в России культурный вечер в посольстве РТ
Молодежь Таджикистана провела в России культурный вечер в посольстве РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон сокинони шаҳри Маскавро бо фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошно сохт

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар китобхонаи кӯдаконаи давлатии Русия да шаҳри Маскав Рӯзи Тоҷикистон баргузор шуд.

Ташкилкунандагон меҳмононро бо фарҳангу ҳунар, одатҳо ва анъанаҳои идонаи мардуми Тоҷикистон ошно сохтанд.

Ёдбуди шахсони барҷастаи Тоҷикистон

Шабнишинӣ бо қиссаҳои кӯтоҳ дар бораи мардуми Тоҷикистон, ки дар рушди адабиёти миллии тоҷик ва забон дар қарни ХХ саҳми худро гузоштанд, оғоз шуд.

Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва - Sputnik Тоҷикистон
"Мо аз Помир омадем...": ҷашнвораи фарҳанги Тоҷикистону Русия дар Маскав

Дар ин маросим аз Саддриддин Айнӣ, тарҷумону донишманд асосгузори адабиёти муосир ва яке аз ташкилкунандаҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Мирзо Турсунзода шоири барҷаста ва тарҷумон, ки мардуми худро бо асарҳои Пушкин, Некрасов ва Шота Руставели ошно сохтааст, ёд карданд.

Ғайр аз адибон, дар маросими мазкур инчунин шахсоне ёд шуданд, ки Тоҷикистони имрӯзаро ташкил доданд ва барои дороии мардум дар солҳои ташаккулёбии ҳукумати Шӯравӣ мубориза бурданду ҷони худро аз даст доданд.  

Сухан дар бораи шахсони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба монанди Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум меравад, ки солҳои дароз дар ҳукумати Шӯравии Тоҷикистон вазифаҳои баланд доштанду бо айбҳои дуруғин онҳоро дар соли 1937 қатл карданду пас аз чанде аз сӯи ҳукумат сафед карда шуданд.    

Номҳои онҳоро ҳар як мактабхон аз Панҷиканд то Хоруғ медонад, вале берун аз Тоҷикистон онҳо чунон машҳур нестанд ва ба ҳамин далел барои ошноии онҳо намоиши алоҳидаи таърихӣ баргузор шуда буд.

Баъд аз намоиши таърихӣ барномаи фарҳангӣ оғоз шуд.

Тӯй, сурудхонӣ ва шеър

Донишҷӯён ва аспирантҳои Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил мекунанд  ва ба омӯзиши забони форсӣ машғуланду бо мероси Рӯдакиву Турсунзода ошно ҳастанд, шеъру сурудхонӣ карданд.

Сипас ансамбли раққосон меҳмононро бо рақсу либосҳои рангораги миллӣ хурсанд карданд. Яке аз саҳнаҳои аҷиб, маросими арусии тоҷикӣ буд.

Аввал ҳама маросим тибқи нақша буд: арӯси шармгин ҳамроҳ бо дугонаҳояш бо либосҳои зебои чакан назди домоду рафиқони ӯ баромад.

© © Sputnik / Рубен Гарсия"День Таджикистана" в Москве
День Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
1/2
"День Таджикистана" в Москве
© © Sputnik / Рубен Гарсия"День Таджикистана" в Москве
День Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
2/2
"День Таджикистана" в Москве
1/2
"День Таджикистана" в Москве
2/2
"День Таджикистана" в Москве

Вақте, ки домоду арӯс аз паҳлуи мизҳо гузашта ба сӯи саҳнаи сохташуда мерафтанд аз толор чанд ҷавон баромада бо мусиқиву рақс ба қадамзании арӯсу домод ҳамроҳ шуданд. Рақси ҷавонон ҷолибтар аз саҳнаи арӯсӣ буд.

Яке аз барномаҳои дигар, ки барои меҳмонон ҷолиб буд, ин намоиши либосҳои миллӣ буд. Баъд аз суханони баранда дар бораи духтарони тоҷик, ки онҳо на танҳо зебо балки боистеъдод мебошанд, ба толори китобхона духтарони тоҷик бо либосҳои миллӣ баромаданд. 

Лобисҳои миллиро донишҷӯи Донишкадаи тиббии Маскав ба номи Сечинов, ба намоиш гузоштааст.

Берун аз толори китобхонаи кудакон, ки намоиши либосҳои миллӣ боз ба шеърхонӣ табдил ёфт, меҳмонон тавонистанд бо хӯроки миллии тоҷикон —оши палав, пухтани нон, мағзу хушкмеваҳо ошно шаванд.  

Дар наздикӣ як дукони матову, тоқӣ, китобу туҳфаҳо хотирмон сохта шуда буд, ки аз он ҳар меҳмон метавонист як туҳфа аз Тоҷикистонро ба хонаи худ бубарад.

Лентаи хабарҳо
0