Рамазон Раҳимзода бо вазири умури дохилаи Узбакистон чиро баррасӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба вазири корҳои дохилаи Узбакистон мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ҳайати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо роҳбарии вазир Рамазон Раҳимзода ба Тошканд сафар карданд, иттилоъ додааст хабаргузории "Народное слово".

Вазири корҳои дохилаи Узбакистон Пулод Бобоҷонов бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Tashkent мулоқот кардааст.

Зимни мулоқот тарафҳо масалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷинояткориро баррасӣ намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Пулот Бобоҷонов охирин бор моҳи марти соли 2018 ба Душанбе сафар карда буд.

Тарфҳо зимни мулоқот таъкид намудаанд, ки кишварҳо бояд муборизаро бар зидди ҷинояткорӣ пурзӯр кунанд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳои худро дар бораи рушди ҳамкории мутақобил, ба ҳамтои узбакаш пешниҳод кард.

Ба хусус таъкид карда шуд, ки бояд табодули маълумоти оперативӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомотҳои умури дохила, тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар академияи ВКД ҳар ду кишвар, гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва ғайраро, зиёд намоянд.

Дар баробари ин, вазири корҳои дохилаи Узбакистон изҳори сипос намуд ва афзуд, ки муносибати дустона ва бародаронаи роҳбарони ду кишвар имкон медиҳад ҳамкориҳоро дар сатҳи баланд рушду идома бидиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0