Супориши Аҳмадзода дар бораи бунёди макони истироҳатӣ дар Унҷӣ

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар аснои суҳбат бо сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷӣ гуфт, ки барои истироҳату фароғати мардум дар ҳудуди ҷамоат макони истироҳатӣ бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ин хабарро Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар аснои суҳбат бо сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷӣ гуфтааст.

Ба гуфти раиси вилоят, мавзеи истироҳативу фароғатӣ дар рӯ ба рӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ҷамоат воқеъ буда, дар масоҳати наздик 0,30 га доман паҳн хоҳад кард.

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиАхмадзода обещал жителям Унджи построит парк, архивное фото
Ахмадзода обещал жителям Унджи построит парк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ахмадзода обещал жителям Унджи построит парк, архивное фото

Бо назардошти он ки барои 45 ҳазор аҳолии ин ҷамоат чунин макони истироҳативу фароғатӣ мавҷуд нест, роҳбари вилоят дастур додааст, ки мавзеи истироҳатӣ бо фарогирии фаввораҳо, гулгашт, ҷойи дамгирӣ барои муйсафедон, макони истироҳатӣ барои кӯдакону наврасон ва марказҳои хизматрасонӣ сохта шавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки роҳи ҷамоат низ ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуда, мумфаршкунии он оғоз меёбад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати оғози корҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0