Зодаи Тоҷикистон президенти Федеросюни варзиши сабуки Узбакистон таъйин шуд

© Flickr \ Aleksandr ZykovВид на город Ташкент
Вид на город Ташкент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони олимпиадаи Барселона, зодаи Тоҷикистон Андрей Абдувалиев раҳбари нави Федеросюни варзиши сабуки Узбакистон таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар Кумитаи миллии олимпии Узбакистон ҳамоиши ҷамъбастии Федеросюни варзиши сабук баргузо шудааст, ки дар он дабири кулли КМО Узбакистон Ҷасур Матҷонов, мушовири президенти КМО Комилҷон Худойберганов, дабири кулли Федеросюни варзиши сабук Камолиддин Рузмуҳаммадов ширкат кардаанд.

Бо дарназардошти хизматҳо ва таҷрибаи бойи варзишӣ, номзадии Абдувалиев Андрей Ҳакимович ба симати президентӣ пешбарӣ шудааст. Аъзоёни ин маҷлис номзадии ӯро якдилона қабул кардаанд ва Абдувалиев президенти Федеросюни варзиши сабуки Узбакистон таъйин шудааст.

Дар пеши раҳбарияти нави Федеросюн вазифаҳои ҷиддӣ-рушди ин навъи варзиш, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар сатҳи байналмилал гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Андрей Абдувалиев 30 июни соли 1966 ба дунё омадааст. Ӯ Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилал чандин борҳо муаррифӣ кардааст. Қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1992 аз рӯи гурзандозӣ мебошад. Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон (1993, 1995) мебошад. Рекорди шахсиаш-83,46 м (1990). Фаъолияти варзишиашро соли 2000 анҷом додааст.

Пас аз анҷоми фаъолияти варзишӣ ба ҳайси дабири Шӯрои Федеросюни варзиши сабуки Узбакистон ва сармураббии мунтахаби варзиши сабуки ин кишвар фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0