Хона дар Маскав ва... ғолиби озмуни "Ту беҳтаринӣ!" чӣ туҳфа гирифт. Навор

Обуна шудан
Ба ҳар як довталаби озмун, ки дар даври ниҳоӣ ширкат карданд, дипломҳои вижа тақдим карданд

Мақоми аввалро дар омуни "Ту беҳтаринӣ!" Диана Акудиноваи 14-сола гирифт. Ба тарафдории ӯ 49 дарсади тамошобинон овоз доданд.

Ҷойи дуюм насиби Вера Ярошик аз Белорус шуд. Мақоми сеюмро Роман Дружинин ва чорумро — Элвира Яҳёева гирифт. Мақоми панҷум насиби Владимир Скрипал шуд.

Ғолиби озмун-Диана Акудинова чӣ туҳфа гирифт

Ба Диана Акудинова ҳайкалчаи "Ту беҳтаринӣ!" тақдим карданду ваъда доданд, ки барои дохил шудан ба коллеҷи мусиқӣ кӯмакаш мекунанд.

Туҳфаи ғайриинтизор барои Диана хона дар Маскав шахсан аз номи Игор Крутой шуд.

Ба Акудинова ҳамчунин имкони сабти суруд ва намоҳанг дар яке аз студияҳои касбӣ тақдим шуд. Дар баробари ин Дианаро чун довталаби озмуни "Детская новая волна" интихоб карданд. Даври ниҳоии ин озмун тобистони имсол дар Қрим баргузор мешавад.

Довталабони даври ниҳоӣ чӣ туҳфа гирифтанд

Ба гуфти мудири кулли телевизиони НТВ Тимур Ванштейн ҳамаи довтабалоне, ки ба даври нимниҳоӣ ва ниҳоӣ аз ҷумла Меҳрона Ғайбуллоева аз ин шабака то ба балоғат расидан стипендия дода мешавад.

Ҳамчунин ҳамаи довталабони даври ниҳоӣ ва нимниҳоиро ба истироҳатгоҳи тобистонаи Артек даъват карданд.

Лентаи хабарҳо
0