Роҳнамоии имом-хатиб барои таътилгузаронӣ: аз хатари смартфонҳо то андарзи Саъдӣ

© SputnikУтренняя молитва в мечети в городе Душанбе
Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон дар арафаи таътили тобистонаи мактабхонҳо роҳҳои дурусти шаръӣ ва қонунии гузарондани ин мавсимро ба шаҳрвандон пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тибқи роҳнамои нашркардаи Кумита, волидон бояд телефонҳои ҳушманд ё худ смартфонҳоро аз назди фарзандон канор гузоранду  "Бӯстон" ва "Гулистон"-и Шайх Саъдиро сармашқи кор қарор диҳанд. 

Аъзам Ҷалилзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Ҳоҷӣ Миралии шаҳри Душанбе, бо нашри ин матлаб дар сомонаи расмии Кумитаи дини Тоҷикистон изҳор доштааст, ки шариати Ислом ва қонунҳои кишвар дар масъалаи тарбияи дурусти фарзанд пуркунандаи якдигаранд.

Коллективная молитва в мечети. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ ба имом-хатиб ва намозгузорон: фарзандонатонро беназорат нагузоред

Ӯ таъкид намудааст, тайи  ду-се  моҳ, ки хонандагон аз назди муаллимони худ дур мемонанд, масъулияти падару модар беш аз пеш меафзояд ва назорати рафтору кирдори тифлон бояд пурзӯр гардад.

Руҳонии тоҷик аз бетаваҷҷуҳии бархе волидон нисбат ба фарзанд изҳори ҳайрат кардааст:

"Баъзан одам тааҷҷуб мекунад, ки фарзанд барои баъзе аз волидон арзиши як чорворо надорад. Бегоҳ гӯсолаву бузғолааш аз адир наояд, дар ташвиш мешавад, вале бачааш наояд, парво надорад".  

Аъзам Ҷалилзода ҳушдор додааст, ки дар сурати адами меҳрубонӣ, камбуди таваҷҷуҳ нисбати фарзанд ва набудани таъминоти моддию маънавӣ, наврасон дастнигари дигарон мешаванд ва эҳтимоли пайвастанашон ба гуруҳҳои ҷиноӣ, аз ҷумла ифротгарою террористӣ зиёд мегардад.

Дети на празднике, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Президент: фарзандонатонро маҷбур накунед, ки аълохон бошанд

Ба гуфтаи имом-хатиби тоҷик бисёри падару модарон, ки имрӯз аз баракати фарзандонашон  айши пирӣ меронанд, меваи тарбияи дурусташонро мечашанд: "Баръакси ҳол, падару модароне ҳастанд, ки дар пиронсолӣ ба ҷои истироҳат дар даву тоз барои аз зиндон халос кардани фарзандони бадкеш овораанд. Маҷбуранд, наберагони худро, ки падарашон дар зиндон ё дарбадар аст, бо пули нафақаи худ нигоҳубин кунанд".

Муаллиф дар идома аъмолеро зикр кардааст, ки ҳам шариати исломӣ ва ҳам қонунгузории Тоҷикистон манъ кардааст. Ӯ аз оқибатҳои нохуши истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор, тамошои наворҳои таблиғи нашъамандӣ, зуровариву фаҳш ҳушдор додааст.

Ҷалилзода имконоти зиёди телефонҳои ҳушмандро як омили дигари хатарзо хондааст, ки дастрасӣ ба хабару видеоҳои номашруъро фароҳам мекунанд: "Аз ин рӯ, истифодаи телефонҳоро аз тарафи кӯдакон бояд ҷиддӣ назорат кард. Тавассути ҳамин телефонҳо ҳам ба шабакаҳои ифротгароёну тундравон пайвастан мумкин аст".

Имом-хатиби тоҷик бо зикри ояти 6-уми сураи "Таҳрим", афзудааст, ки Худованд дар он мефармояд: "Фарзандонатонро аз зиндони дӯзах нигоҳ доред". Ӯ аз қавли Пайғомбари Ислом(с) овардааст, ки "ҳар яки шумо барои фарзандон монанди  чӯпон мебошед ва аз фарзандон пурсида мешавед".

Нуриддин Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаримаи 10 ҳазор волидайн барои нақзи қонуни масъулияти волидайн

Маслиҳати дигари руҳонии тоҷик ба волидон ин аст, ки ҳангоми таътил бачаҳоро чанд соати муайян ба кори ҷисмонӣ, ба мисли сабзавоткорӣ, боғу токпарварӣ, аз ҷумла чидани мева ҷалб намоянд: "Бачаҳои шаҳрро ба деҳот, ба хонаи хешу табор равон кардан мумкин аст".

Дар ниҳоят имом-хатиби масҷиди ҷомеи Ҳоҷӣ Миралии шаҳри Душанбе ба волидон тавсия додааст, ки ҳар бегоҳ бо фарзандон дар бораи адабиёти классикӣ 15-20 дақиқа суҳбатҳои фарҳангӣ гузаронанд, то бачаҳо одат кунанд ва беҳтарин андарзҳои бобоиро аз худ намоянд.

Ба гуфтаи ӯ дар ин ҳолатҳо "Бӯстон" ва "Гулистон"-и Шайх Саъдӣ китоби рӯимизӣ ва зери болишт буда метавонанд.

Лентаи хабарҳо
0