Пирӯзии "тиллоӣ"-и муҳассилини тоҷик дар 7-умин Олимпиадаи байналмилалӣ

Олимпиада аз 20 то 26-уми майи 2018 дар Донишгоҳи Амитӣ аз фанҳои математика, физика, кимиё ва биология баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Муҳассилини макотиби миёнаи Тоҷикистон бо дарёфти 12 медали тилло барандаи 7-умин Олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Ноидаи Ҳиндустон гардиданд. Дар ин бора Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо нашри як иттилоия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, олимпиада аз 20 то 26-уми майи 2018 дар Донишгоҳи Амитӣ аз фанҳои математика, физика, кимиё ва биология баргузор гардид.

"Дар он толибилмон аз 15 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Озорбойҷон, ИМА, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Молдова, Руминия,  Индонезия ва ғайра иштирок намуданд",- омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ин бори дуввум аст, ки Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок мекунад.

Дастаи миллии Тоҷикистон бо 27 мактаббача иштирок намуда, ҳамаи онҳо соҳиби медал гаштанд. Аз рӯи шумораи медалҳои тилло мактаббачаҳои тоҷик дар байни 15 кишвари дунё ҷои аввалро ишғол намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала