Низомиёни пойгоҳи 201 хотираи қаҳрамонони шуравиро пос доштанд

© © Sputnik / Амир ИсаевВоеннослужащие 201 РВБ почтили память героев, погибших в борьбе за установление Советской власти
Военнослужащие 201 РВБ почтили память героев, погибших в борьбе за установление Советской власти - Sputnik Тоҷикистон
Дар назди Маҷмааи ёдбудии аскарони сурхи шаҳраки Қаратоғ, ки ба хотираи фавтидагони коркунони шӯъбаи махсуси корпуси 13-ум ва фармондеҳи гурӯҳ Василий Забронов бахшида шудааст, тазоҳурот баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия хотираи қаҳрамононеро, ки барои барқарор кардани ҳокимияти советӣ фавтида буданд, пос доштанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Округи низомии марказӣ.

Рӯзи шанбе, 26-уми май, дар назди Маҷмааи ёдбудии аскарони сурхи шаҳраки Қаратоғ, ки ба хотираи фавтидагони коркунони шӯъбаи махсуси корпуси 13-ум ва фармондеҳи гурӯҳ Василий Забронов бахшида шудааст, тазоҳурот баргузор гардид

Ифтитоҳи чорабинӣ бо гузоштани гулчанбарҳо ва гулҳо дар назди Маҷмааи ёдбудӣ оғоз ёфт. Сипас сухан ба меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ дода шуд.

"Муҳимияти тарбияи ватандӯстонаи ҷавононро сарфи назар кардан мумкин нест, бояд ҳурмату эҳтиромро нисбат ба таърихи халқи худ омӯхт, шаъну шарафи гузаштагони худ ва қаҳрамониҳои ҷовидонаи онҳо фаромӯш накунем. Ба ҳамаи иштироккунандагоне, ки дар барқарорсозии Маҷмааи ёдбудӣ ва беҳбуди он саҳм гузоштаанд, миннатдории бепоёни худро баён мекунам", — қайд намуд полковник Эдуард Ляшенко.

Вертолет МИ-24, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни пойгоҳи 201-ум “ҷангиён"-ро” дар Тоҷикистон нобуд карданд

Инчунин, мувофиқи одат қабули анъанавии тарбиятгирандагони мактаби № 12 ба сафи пионерони ташкилоти Исмоил Сомонӣ баргузор гардид. Вазифаи ифтихорӣ — бастани галстукҳо ба кӯдаконро дар ихтиёри меҳмонони Русия гузоштанд.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода Холова Солеҳа Холмаҳмадовна, низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия, намояндагони ширкати "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, собиқадорони ҷанг ва меҳнат, сарбозон-интернатсионалистони шаҳри Турсунзода, намояндагони корхонаи "ТАЛКО", донишҷӯёни мактаби №12, инчунин сокинони шаҳрчаи Қаратоғ ширкат варзиданд.  

Пас аз итмоми тазоҳурот, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ ба мактаби № 12-и шаҳраки Қаратоғ рафта, дар назди ҳакали ёдбудии 35 муаллими Қаратоғ, ки дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фавтидаанд, гул гузоштанд. Талабагони мактаби мазкур барои меҳмонон барномаи мавзӯӣ омода намуда, онҳоро бо экспонатҳои осорхонаи мактабӣ, ки дар он мукофотҳо, ҳуҷҷатҳои шахсӣ, мактубҳои муаллимони мактаб, ки дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳалокат расидаанд, шинос карданд.

Ҷанговарони отряди Забранов дар ҷангҳо барои барқарор намудани ҳукумати советӣ дар Қаратоғ соли 1923 фавтидаанд. Соли 1964 дар ҷойи дафни сарбозони сурх маҷмааи ёдбудӣ сохта шуда буд. Соли 2015 дар макони ёдгорӣ корҳои барқароркунӣ гузаронида шуда буданд, ки дар онҳо фаъолони маҳаллӣ саҳми худро гузоштанд.  

Пас аз барқарорсозӣ, дар ин ҷо гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ як анъана шудааст, масалан, қабул кардани мактаббачагон ба сафи дастаи Сомонӣ, савганди ҳарбӣ аз ҷониби сарбозон, тазоҳурот ва вохӯриҳои гуногун. Дар соли 2017 Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои коркунони Шӯъбаи махсуси ХБФ-и пойгоҳи 201-ум пурра тармим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала