Коршинос: бо мамнӯъиятҳои нав мо теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуниро бештар мекунем

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузаштан ба хазинаи аксЭкс-замдиректора ФМС РФ, специалист по миграционному законодательству Вячеслав Поставнин, архивное фото
Экс-замдиректора ФМС РФ, специалист по миграционному законодательству Вячеслав Поставнин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ташаббуси нави Вазорати меҳнат дар робита бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳаёти воқеӣ дур буда, вазоифи худро иҷро намекунад, мегӯяд муовини собиқи мудири ХФМ Вячеслав Поставнин

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазорати меҳнати Русия тарҳи қонунеро таҳия менамояд, ки сабтиноми бе ин ҳам мушкили муҳоҷиронро дар кишвар, боз ҳам сангинтар месозад.

Ниҳоди мазкур пешниҳод мекунад, ки рӯйхати махсуси касбҳои заруриро барои ҳар як минтақа омода созад ва агар коргари хориҷӣ дорои тахассуси зарурӣ набошад, пас ӯ наметавонад соҳиби патент шавад. Вале дар айни ҳол, тибқи андешаи муовини собиқи раиси ХФМ ва коршиноси сиёсати муҳоҷират Вячеслав Поставнин, чунин санад беҳӯда ва ҳатто зараровар аст.

"Ба фикри ман, ин санад, комилан аз ҳаёт дур буда, бидуни назардошти ҳолатҳои воқеӣ таҳия мешавад. Мо чӣ гуна ҳолатҳо дорем? Шахс ба кишвари мо меояд, таваҷҷӯҳ кунед — комилан озодона, вале дар он ҷо маълум мегардад, ки ӯ тамоман патент гирифта наметавонад. Пас муҳоҷир чӣ мекунад — кори ғайриқонунӣ! Бо чунин аъмоли бюрократӣ мо теъдоди муҳоҷирини ғайриҳонуниро зиёд месозем", — шарҳ дод оқои Поставнин ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ӯ, бе ин ҳам дар Маскав таи ду соли охир теъдоди патентҳои додашуда қариб ду баробар коҳиш ёфтааст, ҳол он ки ҷараёни коргарони хориҷие, ки ба кишвар меоянд, кам намешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала