Нақшаи "ТАЛКО" барои тавлиди 168 000 тонна алюминий то охири сол

© Посольство России в ТаджикистанеГосударственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Дар назар аст, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли алюминий то 349 ҳазор тонна расонда шавад. Ҳаҷми истеҳсол барои соли 2030 дар ҳаҷми 380 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Корхонаи алюминийи тоҷик, "ТАЛКО",  ният дорад то охири соли равон 168 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол кунад.

Дар ин бора хабаргузории "ТоҷикТА" хабар дода, афзудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 65 ҳазор тонна бештар мебошад.

Бар асоси дурнамои нишондодҳои истеҳсолии  КВД "ТАЛКО" барои солҳои 2018 — 2030, то охири соли равон тавлиди 168,8 ҳазор тонна алюминий, ба маблағи 697,1 миллион  сомонӣ ($77,1 млн) дар назар аст. Ин нукта дар Стратегияи рушди саноати Тоҷикистон то соли 2030 низ дарҷ гардидааст. 

Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ТАЛКО дар 10 моҳ тавлиди алюминийро 23 дарсад коҳиш дод

Бар асоси манбаъ дар назар аст, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли алюминий то 349 ҳазор тонна расонда шавад. Ҳаҷми истеҳсол барои соли 2030 дар ҳаҷми 380 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки соли 2017 тавлиди алюмнийи аввалия муодили 103 ҳазор тонна буд, ки дар қиёс бо соли 2016, 26 ҳазор тонна ва нисбати соли 2012, 175 ҳазор тонна камтар мебошад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон коҳиши тавлиди алюмний дар кишварро ба омилҳои гуногун, аз ҷумла ба камшавии ҳавзҳои электролизӣ ва саривақт таъмин нашудани кокси нафтӣ рабт медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала