Оиша тифлашро ба дунё овард, ба наздикӣ ба Тоҷикистон бар мегардад

© Фото : Russia TodayАиша вдова боевика ИГИЛ
Аиша вдова боевика ИГИЛ - Sputnik Тоҷикистон
Оиша шаҳрванди 17солаи тоҷик, ки аз Сурия ба Ироқ оварда шуда буд, чанд рӯзи пеш навзоди худро ба дунё овард

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории "Парс тудэй" ба наздикӣ Оишаро бо тифли навзодаш ба Тоҷикистон бар мегардонанд.

Бино бар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тибқи ҳукми суди Ироқ баъд аз 40 руза шудани фарзанди Оиша, ӯ ва фарзандаш метавонанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Бар асоси эъломи манбаъ дар ояндаи наздик боз ҳам чанд кудаки тоҷики дигар, ки ҳамроҳи волидайнашон ба Сурия рафта буданд ба ватан баргардонда мешаванд.

16-летняя вдова боевика ИГИЛ - Sputnik Тоҷикистон
Ироқ ба Оиша иҷоза надод, ки ба Тоҷикистон бар гардад

Соли 2017 шабакаи телевиззионии  "RT" дар хабаре эълом кард духтари 16 солаи тоҷик ҳамсари яке аз афроди кушта шудаи узви ДИИШ аст, дар Ироқ пайдо шудааст ва акнун он духтар, модари ин навзод аст, ки иҷозати бозгашт ба Тоҷикистонро ёфтааст.

Ин духтри ҷавони тоҷик, ки ба ҳамроҳи ду бародару хоҳараш пас аз кушта шудани волидайнашон дар шаҳри Мусил ба Бағдод мунтақил шуда буд пеш аз ин дар яке аз урдугоҳҳои бастагони аъзои гуруҳи террористии ДИИШ таҳти назорати давлати Ироқ нигаҳдорӣ мешуд.

Апрели 2018 бародарон ва хоҳари Оиша бо кумаки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Душанбе бозгаштанд, аммо Оиша ба далели обистан будан иҷозати бозгашт наёфт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала