Як мансабдори тоҷик аз шаҳрванди Афғонистон иҷборӣ 800 доллар ришва талаб кард

Мутахассиси шиносномадиҳии Раёсати хоҷагии манзилӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат, барои додани маълумотномаи ҷои истиқомат аз шаҳрванди Афғонистон ришва талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik.  Бино ба иттилои Ожонси мубориза бо фасод  як шаҳрванди Афғонистон ба Агентӣ муроҷиат намудааст, ки мутахассиси шиносномадиҳии Раёсати хоҷагии манзилӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат Нуров Беҳзод аз ӯ ришва талаб дорад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда барои додани маълумотномаи ҷои истиқомат аз шаҳрванди Афғонистон 800 доллар ришва талаб намуда аст.

Марди афғон афзудаааст, ки  қаблан  ба Нуров Беҳзод 300 доллар дода буд, вале мансабдори тоҷик 500 доллари дигар талаб кардааст.

Дар натиҷаи Нуров Беҳзод бо гирифтани боз 500 доллари дигар аз шаҳрванди Афғонистон дар утоқи кориаш дар шаҳри Ваҳдат дастгир шуд.
Дар ҳоли ҳозир нисбати Нуров Беҳзод, парвандаи ҷиноӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала