СҲШ "Харитаи роҳ"-и рушди ҳамкорӣ бо Афғонистонро таҳия мекунад

© МИД РТВсрчеча членов ШОС в Китае
Всрчеча членов ШОС в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Дар ин бора дар ҷаласаи Гурӯҳи тамоси “Созмони ҳамкории Шанхай- Афғонистон”, дар шаҳри Пекин қарор шудааст

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Рӯзи 28 май дар шаҳри Пекин ҷаласаи Гурӯҳи тамоси "Созмони ҳамкории Шанхай- Афғонистон" баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ.

Тоҷикистонро адр ин ҷаласа муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ намояндагӣ кардааст.

Ба гузориши манбаъ, дар ҷаласа ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубориза бо чолишу таҳдидҳо ба амнияти минтақа, мусоидат ба талошҳои Афғонистон барои барқарор намудани сулҳ ва таъмини рушди босуботи иқтисодии он кишвар изҳори назар намудаанд.

Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти Гурӯҳи тамоси "Созмони ҳамкории Шанхай- Афғонистон"-ро ҳамчун сохтори машваратӣ дар ҳалли масоили мубрами Афғонистон ва минтақа муҳим арзёбӣ кардаанд.

Онҳо пешниҳод кардаанд, ки "Харитаи роҳ"-и рушди ҳамкориҳои СҲШ ва Афғонистон таҳия гардад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала