Ҳикматуллозода: ҳоло Тоҷикистон мақоми кишвари нозири Иттиҳои АвруОсиёро гирифтанӣ нест

© МИД РТНематулло Хикматуллозода на открытие министерского сегмента Политического форума 2017 года
Нематулло Хикматуллозода на открытие министерского сегмента Политического форума 2017 года - Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода гуфт, Тоҷикистон чанд сол аст, ки масъалаи пайвастан ба Иттиҳои АвруОсиёро баррасӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода мегӯяд, ҳоло Тоҷикистон наметавонад мақоми кишвари нозири Иттиҳоди АвруОсиёро ба даст орад.

"Ин масъаларо Тоҷикистон чанд сол аст, ки баррасӣ мекунад. Мо бодиққат таҷрибаи кишварҳоеро, ки ба наздикӣ ба ин иттиҳод ворид шудаанд, омӯхта истодаем. Аммо ҳоло дар бораи гирифтани мақоми кишвари нозири иттиҳод чизе гуфта наметавонем",- таъкид дошт вазир.

Пештар Русия ба Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки кишвар имконияти ба даст овардани мақоми кишвари нозири Иттиҳоди Авруосиёро  бори дигар ҷиддӣ баррасӣ кунад.

"Мо дар заминаи даъватномаи дуҷониба ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки кишвар бори дигар ҷиддӣ масъалаи ба даст овардани кишвари нозири Иттиҳои иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ кунад",- мегӯяд муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов.

Вай афзуд, ки ин мақом маънои узвият ба Иттиҳодро надорад, ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад, вале ба гардиши коло ва рушди иқтисод мусоидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала