Супориши Раҳмон ба Р. Эмомалӣ: сохтмони мактабҳоро назорат кунед

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанРустам Эмомали и Эмомли Рахмон открыли строительство новой школы
Рустам Эмомали и Эмомли Рахмон открыли строительство новой школы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Эмомалӣ дастур дод, ки рафти сохтмони мактабҳоро назорат кунаду ба сохтмончиён супориш дод, ки ин муассисаҳоро бо сифати баланд бунёд кунанд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тарҳи "Бунёди Гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова" ошно шуданд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Гимназияи рақами 53 аз 6 бинои 4 — ошёна бо таҳхона ва 50 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи лингафонӣ, 4 адад синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашии техникӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо, устохонаи умумии коркарди фулуз ва чӯб, толори варзишӣ бо 190 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

Рахмон дал старт строительству новых зданий Исламского института в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Донишкадаи исломии Тоҷикистон санги асос гузошт

Дар муассиса хуҷраҳои духтурон, равоншинос, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ бо 560 ҷойи нишаст, ошхона барои синфҳои поёнӣ бо 255 ҷой ва барои синфҳои болоӣ бо 145 ҷой, дуконҳо, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ мавҷуд аст.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии нав, ки дар шафати Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 бо дастури Раҳмон бунёд мешавад, барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ мегардад.

Ин муассисаи нави таълимӣ низ аз чор ошёна иборат буда, дар он барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ тамоми шароитҳои муосир ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи бунёди муассисаҳои таълимӣ барои 4800 хонанда дар як баст дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53, Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе барои назорати корҳои сохтмонӣ ва ба сохтмончиён баҳри иҷрои босифати корҳо дастурҳо додааст.

Лентаи хабарҳо
0