Эҳтиёт кунед!: Ҷавонони Душанбе мардуми пойтахтро аз бемориҳои сироятӣ огоҳ карданд

© © Комитет по делам молодежи и спорта РТКомитет по делам молодежи и спорта РТ
Комитет по делам молодежи и спорта РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Довталабон дар истгоҳҳо ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе сокинони пойтахт - ҷавонону наврасонро аз хатарҳои бемориҳои сироятӣ огоҳ карданд

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон,  дар Душанбе довталабони ҷавон байни сокинони шаҳр маводҳои иттиллоотӣ тақсим карда, онҳоро аз  хатарҳои бемориҳои сироятӣ огоҳ намуданд.

Аксияи мазкур таҳти унвони "Худ ва наздиконатро эҳтиёт намо!" аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ташкил шудааст. 

"Довталабони ҷавон бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз қабили бемориҳои Вируси норасоии масунияти одамро (ВНМО) ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон волонтёрони Кумитаи роҳу воситаҳои гуногунро истифода менамояд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷустуҷӯ: ВКД барои Шӯрои иҷтимоӣ довталаб меҷӯяд

Дар аксияи мазкур даҳҳо нафар сокинон, ҷавонону наврасон,  ҳатто меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд.

Аксия муддати се рӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Пештар хабар дода шуд, ки аз Тоҷикистон ба Русия вируси сурхак ҳуҷум мекунад.

Аз Хадамоти назоратии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишвар гуфтанд, ки ин вирус на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз  Узбакистон, Қирғизистон, Украина, Туркия, Индонезия, Бангладеш, Италия, Олмон, Латвия, Малайзия ва Таиланд ба Русия меояд.

Дар ҳоле, ки дар соли 2016 вилояти Маскав нисбат ба дигар минтақаҳои Русия "солимтар" буд, ҳоло фисади бештари беморӣ ба ин вилоят  рост меояд.

Коршиносон мегӯянд, ки вируси сурхак бо далели вазъи  номусоиди эпидемиологии як қатор кишварҳои минтақаи Аврупо паҳн мешавад.

Лентаи хабарҳо
0