Дидори Нуриддин Саид ва вазири маорифи Русия дар Душанбе

© Министерство образования и науки РТМинистр образовани Таджикистана Нуриддин Саид встетился с министром просвешания России Ольга Васильева
Министр образовани Таджикистана Нуриддин Саид встетился с министром просвешания России Ольга Васильева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо вобаста ба сохтмони 5 мактаби русӣ Тоҷикистон, ба Тоҷикистон фиристодани омӯзгорони рус, таъмини муассисаҳо бо китобҳо, тайёр кардани мутахассисон дар риштаи адабиёти рус табодули андеша намуданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазири муориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид бо вазири маорифи Русия Олга Василева дар Душанбе дидор карданд,  хабар медиҳад Вазорати маорифи ҶТ.

"Ҷонибҳо вобаста ба сохтмони 5 мактаб аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз намудани 50 омӯзгори рус дар мактабҳои Тоҷикистон, таъмини муассисаҳо бо китобҳо, тайёр кардани мутахассисон дар риштаи адабиёти рус  табодули андеша намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар Тоҷикистон чор муассисаи таҳсилоти олии касбӣ-Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, филиали Донишгоҳи миллии теҳқиқотии "МИСиС" дар Душанбе ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд.

Ҳамчунин  дар соли 2018 барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Русия  618 квота ҷудо карда шудааст.  Дар Тоҷикистон. дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ факултетҳои забон ва адабиёти рус, дар тамоми муассисаҳои олӣ садҳо гурӯҳҳои русӣ амал намуда, дар 175 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагон дар синфу гурӯҳҳои забони русӣ таълим мегиранд.

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми дидор бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев масоили гуманитариро баррасӣ карда буд. Аз ҷумла кишвардор дархост карда буд, ки Русия ба Тоҷикистон омӯзгори бештаре фиристад ва дар таъмин кардани мактабҳо бо маводи хониш аз фанни забони русӣ саҳм гузорад.

Лентаи хабарҳо
0