Сарони ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор аст, дар ҷаласаи мазкур 14 масоили мущиме баррасӣ шавад, ки ба васеъ ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ равона шудааст

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи шӯрои сарони ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд доир мегардад.

Дар ҷаласаи мазкур баррасии 14 масоил доир ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Одатан ҷаласа дар ду шакл сурат мегирад. Дар мулоқоти хосса роҳбарони ҳайатҳо дар атрофи масоили муҳими ҳамкории иқтисодӣ табодули назар карда, ҷараёни мулоқоти Созишнома дар бораи  савдои озоди хизматрасониҳоро баррасӣ мекунанд.

Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов встретился с президентом Кыргызстана Алмазбеком Атамбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода бо Абдулло Орипов мулоқот кард

Дар ҷаласаи шакли васеъ имзои санадҳои муҳим ба монанди консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди навоварии энержӣ ва таҳияи технологияҳои пешрафтаи энержӣ ва нақшаи тадбирҳои афзалиятнок дар бораи татбиқи он, созишнома дар бораи ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии кишварҳои ҳамсуд дар назар аст.

Инчунин, ширкаткунандагони ҷаласа санадҳои марбут ба созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои ҳамсуд дар самти идораи партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникиро баррасӣ мекунанд.

Қаблан мудири шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин дар бораи аҳамияти ҷаласа суханронӣ карда буд.

"Аз як тараф, барои минтақа он даъватҳое боқӣ мондаанд, ки қаблан мо онҳоро мушоҳида карда будем. Аз тарафи дигар, вазъият дар Афғонистон ҳар моҳ сангинтар шуда истодааст, ин ҳам бошад дар ҳолест, ки дурнамои интихоботи парлумонии тирамоҳӣ дар Афғонистон тафсида истодааст. Он чӣ тавр мегузарад, ҳеҷ кас гуфта наметавонад, вале бисёре аз коршиносон бар онанд, ки ҳамаи ин метавонад ба амнияти Афғонистон ва минтақаҳои ҳаммарз бо он таъсири манфӣ расонад", — шарҳ дод Грозин ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба андешаи вай, маҳз рӯзномаи ҷаласаи ҷорӣ фаъолияти сиёсатмадоронро дар атрофи мавзӯи Осиёи Марказӣ тавзеҳ медиҳад.

"Дар худи минтақа равандҳои шавқовар ва гуногунсоҳа мегузаранд, ки моро маҷбур месозанд то ба вазъ нигоҳи дигар кунем — фаъолии роҳбари нави Узбакистон дар робита ба барқарор кардани муносиботи хуб бо ҳамсоягони наздиктарин ва бартараф намудани потенсиалҳои муноқишавии ҷамъшуда. Ҳоло дар ҳудуди минтақа як тасвири нави аҷоиб ба назар мерасад. Ин як сабабе мешавад, ки ба вазъ, имкониятҳои иқтисодӣ, амният, суботи иҷтимоиву сиёсӣ ба таври нав назар афканем", — илова кард Грозин.

Лентаи хабарҳо
0