Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

© SputnikМӯъмин Қаноат
Мӯъмин Қаноат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Бобо, ба Шумо чӣ шуд? Хезед ба музейи Дарвоз мерем. Он ҷо чанд кор нопурра мондааст”,- гуфтам ман. Ӯ як хандиду бо сараш ишора кард, ки меравем, ҳатман меравем...

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Арӯси хонаводаи шоири номдор Мӯъмин Қаноат — Шаҳноз Комилзода дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи вопасин рӯзҳои зиндагии  шоир нақл кард.

Шаҳноз Комилзода мегӯяд, вақтҳои охир Мӯъмин Қаноат қариб тамоман гап намезад, аммо  чанд лаҳза пеш аз марг маълум шуд, ки ҳоло ҳам хаёлаш бо шеъру диёраш пайванд аст.

"Охирон рӯз, 18 май буд, ки аз манзили бобоҷонам занг заданд. Гуфтанд аҳволаш вазнин шудааст. Бо падарам ба манзили устод рафтем. Дидам, ки хоб аст ва дар наздаш пизишк чӣ сӯзандоруе мегузаронад",- нақл мекунад Шаҳноз.

Ба он нигоҳ накарда, ки ба шоир сузандроруи оромкунанда гузаронида буданд, вай бетоқатӣ мекард.

"Ба сари билинашон нишастаму гуфтам, бобоҷон  ба Шумо чӣ шуд? Хезед ба музейи Дарвоз меравем, он ҷо чанд кор натамом мондааст. Шоир табассуме карду бо сараш ишора кард, ки меравем, ҳатман меравем",- ба ёд меорад Шаҳноз.

Мумин Каноат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Охирин мусоҳибаи шоири шаҳири тоҷик Мӯъмин Қаноат

Вай афзуд, ҳамин вақт духтаронашон Павин ва Ширин гуфтанд, ки камтар пушташонро молиш диҳам ва барои гусели меҳмонҳо аз хона баромаданд. Дидам, ки бобоям боз ҳам бетоқатӣ мекунанд, зуд берун шудаму аҳли хонаводаро чеғ задам, вақте онҳо  омаданд, бобоям ором буданд, сукути абадиро дар лаб гирифта буданд…

Ба гуфтаи Шаҳноз, чанд сол пеш, устод Мӯъмин Қаноат дар зодгоҳаш дар Курговад хона- музейи худро  бунёд карда буд.  Дар музей, китоб, мақола ва мусоҳибаҳои шоир, сангҳои гуногуне, ки ҷамъ овардани онро бисёр дӯст  медошт, тӯҳфаҳое, ки аз тамоми ҷаҳон оварда буд, ҷой дода шудааст.

© © из личного архива Шахнозы КомылзодеМуъмин Каноат, архивное фото
Муъмин Каноат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муъмин Каноат, архивное фото

"Бобоям вақте, ки аввалин ҷоизаашонро гирифтанд, орзу кардаанд, ки дар зодгоҳашон барои мардум як макони фарҳангӣ бунёд кунанд. Аммо чун масъулияти зиёди давлатӣ, ки доштанд, ин орзуяшон қариб 50 сол амалӣ нашуд. Пас аз бознишаста шудан, аввал ҳамон музейро бунёд карданд",- мегӯяд вай.

Шоири номдори тоҷик Муъмин Қаноат 18 май дар манзилаш дар Душанбе дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Мӯъмин Қаноатро  дар оромгоҳи Лучоб дар паҳлуи қабри Бозор Собир дафн карда шуд. 

Маросими видоъ ва намози ҷанозаи шоири маъруф Муъмин Қаноат 19-уми май дар масҷиди марказии пойтахт баргузор шуд..

Муъмин Қаноат 20 маи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст.
Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан ба шеърофаринӣ машғул гардидааст.

Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар муқоиса бо осори адибони бузурги ҷаҳон омӯхта, маҳз дар ҳамин айём ба зарфияту ҳинҷори "шеъри нав" даст ёфтааст.

Соли 1968 муовини аввали Раис, солҳои 1976-1991 Котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоб шудааст. Солҳои баъдӣ чанде Раис ва котиби Кумитаи сулҳи Тоҷикистон ва директори Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Тавассути достони "Тоҷикистон — исми ман" (1977) дар бедории маънавии зиёиёни тоҷик нақши нозудуданӣ гузошт. Соли 1980 достони нави ӯ "Гаҳвораи Сино" ба дарёфти Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нойил гардид, ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, ҳамагонро даъват ба шинохти бештару шоистаи ҳакими бузурги тоҷик, омӯзиши фарҳангу андешаи ғановотманду деринасоли миллӣ ва пайравӣ аз офаридгорию бунёдкории ӯ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0